Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана дар Тоҷикистон гуфт, ба зудӣ либоси тавсиявиро барои сокинон муаррифӣ хоҳанд кард.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса шуд. Ӯ рӯзи 30-юми июл дар вазни то 81 кило ба майдон баромад.
Ҳукумати "Толибон" гуфт, бо ҳайати дипломатии Афғонистон дар 14 гӯшаи Аврупо робитаҳоро бурида, қабули санадҳои додаи онҳоро бозмедорад.
Як тасмими мақомоти Русия сабаби нигаронии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шудааст.
Тибқи хабарҳо, Маҷористон (Венгрия) вуруди шаҳрвандони Русия ва Беларусро ба ин кишвари аврупоӣ осонтар кардааст.
Мақомоти тафтишотӣ ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқ Саидҷаъфар Усмонзода; раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров; вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ; рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.
Қарор шудааст, ки мусобиқаи триатлон миёни мардон дар Бозиҳои олимпии Фаронса як рӯз ба таъхир гузошта шавад.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу таҳдид кард, ки барои ҳамлаи маргборе, ки боис ба кушта шудани 12 ҷавон дар Баландиҳои Ҷулони ишғолшуда гардид, посухи “сахте” хоҳад дод.
Масъуд Пизишкиён, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон пирӯз шуд, имрӯз, 30-юми июл, дар Маҷлис (порлумон) савганд ёд мекунад.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси қонуни нави танзим идгардаки кӯдакон пурра манъ нашудааст. Сулаймон Давлатзода 30-юми июл зимни нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, идгардаки кӯдакон ҳамроҳи оила иҷозат аст.
Рақобати Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик бо варзишгари исроилӣ Борух Шмаилов дар Бозиҳои олимпии Порис ҷанҷолӣ шуд. Рақобати ин ду варзишгар 28-уми июл бо пирӯзии ҷудокори тоҷик анҷомид.
Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки қасд доранд вилояти Маскавро ба қавли худашон "сафедтар", яъне аз хориҷиёни сиёҳсар пок кунанд.
Ёфтҳои бештар