Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд аз тасмими тахриби як бинои қадимӣ нороҳат шудаанд.
Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 14-уми июл аз ғасби як деҳаи дигар дар Украина хабар додааст.
Беш аз 50 барандаи ҷоизаи Нобел дар номае ба қатъи ҷанг дар хоки Украина ва Ғазза даъват кардаанд.
Владимир Путин, президенти Русия ба қонуне имзо гузошт, ки ба вакилони Думаи давлатӣ ва Шурои Федератсия ҳаққи бе иҷозат ба хориҷ рафтанро намедиҳад.
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
“Кохи сафед”, “Тоҷмаҳал”, “Арки Бухоро”. Бинои нави парлумони Тоҷикистонро ба ин кохҳо шабоҳат медиҳанд, ки бо кумаки молии ройгони Чин ва чун ҳадя бунёд шудааст.
Мақомоти интизомии Русия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд, ки зоҳиран машғули “сабақи исломӣ додан” ба кӯдакону наврасон будаанд.
Салим Иномзода рӯзноманигор, муттасаддии гурӯҳи «Тоҷикони Узбекистон (Узбекистон Тожикларӣ) дар Фейсбукро мақомоти интизомии Узбекистон дастгир кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи бунёди як пойгоҳи низомии Чин дар хоки кишварро рад кард ва онро “беасос” номид.
Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзҳои 5-12-уми июл дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Эрон (U-20) хотима ёфт.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як гурӯҳе хабар дод, ки гӯё қасд доштаанд, ҳукумати ин кишварро сарнагун кунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ислоҳу тағйироти пешниҳодӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Русияро танқид карданд, ки дар сурати қабул иҷоза медиҳад, муҳоҷирон барои як қонуншикании ночиз аз кишвар ронда шаванд.
Ёфтҳои бештар