Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аввалин медалҳои олимпиро соҳиб шуд


Иштироки тирандозон дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 27-уми июл барои Қазоқистон бомуваффақият анҷомид.

Варзишгарон аз Қазоқистон - Александра Ле ва Ислом Сатпаев дар тирандозӣ ба масофаи 10 метр аз туфангчаҳои омехтаи пневматикӣ медали биринҷии Бозиҳои олимпии Парижро ба даст оварданд.

Ле ва Сатпаев бар зидди Максимилиан Улбрих ва Анна Янссен аз Олмон бо ҳисоби 17:5 пирӯз шуданд. Аз соли 1996 ин аввалин нишони олимпии Қазоқистон дар риштаи тирандозӣ мебошад.

Рӯзи ҷумъаи 26-уми июл дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ифтитоҳ шуд. Аз Қазоқистон дар ин мусобиқаҳо 80 варзишгар иштирок мекунад.

Бори аввал аст, ки Қазоқистон дар тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG