Яке аз маҳбусони собиқи ин зиндон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи шароити нигаҳдорӣ ва имкониятҳои Гулнора дар зиндон нақл кардааст.
Ба гуфтаи вай, ба Каримова хӯроквории алоҳида меоранд ва либоси махсус ӯ барои зиндон аз матои хушсифат омода шудааст. Маъмурият зиндон ҳам ба ӯ “имтиёзҳои зиёд” медодааст.
Вале Гулнора барои маъмурини муассисаҳои ислоҳотӣ ба як "дарди сар" табдил ёфтааст. Қаблан духтари президенти пешини Узбекистон аз он шикоят карда буд, ки дар зиндон бо ӯ муносибат бад аст.
Либоси маҳбусӣ аз беҳтарин матоъ ва банди пояфзол
Зиндагӣ дар муассисаи ислоҳотӣ, ҷое, ки ба маҳбусон ҳамагӣ як маротиба иҷозаи оббозӣ ё шустушӯ медиҳанд, аз шеваи зиндагии қаблии духтари президент ба куллӣ фарқ доштааст. Гулнора Каримова фақат дар Бритониё, соҳиби замин дар Gorse Hill Manor ва ду хона, дар Фаронса соҳиби қалъаи Château de Groussay буд. Дар Маскав вай шаш хона дошт.
Зане, ки дар муассисаи ислоҳии ноҳияи Зангиотаи Тошканд адои ҷазо кардааст, мегӯяд, ҳатто дар маҳбас духтари 52-солаи президенти пешин Ислом Каримов аз муносибат ва имтиёзҳо бархурдор аст. Имониятҳое, ки ба маҳбусони дигар аслан дода намешаванд.
“Вай чор кати хоб дорад ва атрофи ҳуҷраи худро бо рӯйкаши хоб маҳкам кардааст. Масалан, либоси ӯ аз матои дигар омода шудааст. Либос мисли либоси маҳбусони дигар аст, аммо аз матоест, ки дар он бадан нафас мекашад. Ӯ иҷоза дорад пояфзоли банддор бипӯшад, ҳарчанд маҳбусони дигар иҷозаи пӯшидани чунин пояфзолро надоранд,” - нақл кард собиқ маҳбус бе бурдани номаш.
Гулнора Каримова, ки бо гуноҳи қаллобӣ ва пулшӯиву чанд айби дигар аз баҳори соли 2019 дар маҳбаси №21 дар Узбекистон адои ҷазо мекунад, бо дигар маҳбусон дар зиндони умумӣ хӯрок намехӯрад. Ба нақли зане, ки дар як зиндон бо Каримова адои ҷазо кардааст, Гулнора фақат аз маводи ғизоие истифода мекунад, ки барояш меоранд. “Ба ӯ ғизо меоранд. Замоне, ки дар маҳбас касе нест, мошинҳо меоянд. Ғизо ё маҳсулоти 10-килоӣ не, ба ӯ бори зиёд меоранд”.
Маҳбуси собиқ бо тасвири зиндоне, ки Каримова он ҷо адои ҷазо мекунад, гуфт: “Низоми ҳавокашиаш бад аст, хӯрокаш нисбатан хуб ва дастрасӣ ба об он ҷо маҳдуд аст.”
"Маҳбусон маъмулан фақат ҳафтае як бор иҷозаи оббозӣ доранд. Тобистон ду бор дар як ҳафта. Вале онҳое, ки кор мекунанд, метавонанд ҳар рӯз оббозӣ кунанд."
Соли 2015 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, вале ин мӯҳлат то 5 сол кам карда шуд. Соли 2019 ӯро барои вайрон кардани тиртиби маҳбаси хонагӣ ба зиндонӣ умумӣ бурданд. Вай эълон карда буд, ки дар маҳбас бо ӯ муносибат бад аст. Хонавода ва вакили дифои ӯ шикоят доштанд, ки ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки Гулнораро бубинанд. Моҳи июни имсол модари Гулнора Каримова - Татяна Каримова гуфт, ба ӯ иҷозаи дидор бо духтарашро намедиҳанд.
Вале собиқ маҳбусе, ки бо Гулнора дар зиндон буд, мегӯяд муносибат бо ӯ дар маҳбас хуб аст ва “ҳатто агар қоидашиканӣ ҳам кунад”, ӯро ҷазову танбеҳ намедиҳанд.
"Мегӯяд, ӯро дар зиндон таҳқир мекунанд, вале касе ӯро таҳқир намекунад. Вай худаш бо ин восита водор мекунад, ки масъулини зиндон ба ӯ имтиёзи бештар диҳанд”, - гуфт собиқ маҳбус ва таъкид кард, ки “вай ҳар чиро бихоҳад, ба даст меорад. Рӯзе хост, яке аз зиндониёнро бубинад, ба назди ёрдамчии раҳбари зиндон рафт, як соат истод ва шаттоҳӣ карду дар охир он маҳбусро аз қисми дигари зиндон ба наздаш даъват карданд. Ҳарду сайругашт карданд. Ин шароити "ВИП" аст. Ҳар каси дигар агар ин корро кунад, ӯро дар ШИЗО маҳкам мекунанд”.
“Дарди сари воқеӣ”
Ба нақли зани собиқ маҳбус, Гулнора боре гуиё “дар зиндон ошӯб” кард. Вай ҷузъиёт надод, аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ ҳам тасдиқ карданд, ки духтари президенти нахустини Узбекистон пайваста дар зиндон эътироз ташкил мекунад. Раҳбарияти муассиса маҷбур шудааст, чанд бор ба Раёсати иҷрои ҷазо ва додситонӣ махсус муроҷиат кунад.
Маъмурияти маҳбаси занонаи №21 дар ноҳияи Зангиотаи Тошканд ба суоли хабарнигорон дар ин бора посух надоданд. Вале яке аз кормандони ин маҳбас ба шарти махфӣ мондани номаш гуфт, Гулнора Каримова ва “тавтеа”-ҳои ӯ воқеан барои масъулини зиндон ба як “дарди сар” табдил ёфтаанд.
“Раҳбарияти маҳбас чанд бор дар робита ба рафтори Гулнора Каримова ва тавтеаҳои ӯ, ки нисбат ба зиндониёни дигар ташкил мекард ба раҳбарони болоӣ муроҷиат кардаанд.” – афзуд, корманди маҳбас.
"Аз як сӯ аз мо хоҳиш мекунанд, ки дар муносибат бо ӯ эҳтиёткор бошем, аз сӯйи дигар ба мо гуфтанд кӣ: " Ба ӯ аслан аҳамият надиҳед"
Ба гуфтаи ин корманди маҳбас, Гулнора дар мавриди мулоқоту дидор бо наздиконаш ягон имтиёзи хос надорад. Баъзан ба ӯ иҷоза медиҳанд, тибқи қонун бо хешовандонаш дидорбинӣ кунад, “вале касе ба наздаш намеояд”.
Дар замони президентии Ислом Каримов духтари калониаш Гулнора Каримова соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ шуда, сарвати зиёд ба даст овард. Каримова ҳамчунин бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард ва ба тарроҳӣ машғул буд.
Соли 2014 дар пасманзари хабарҳо дар бораи бад шудани муносибати ӯ бо падараш, ки аз соли 1989 то замони маргаш дар Узбекистон раҳбарӣ мекард, Гулнора аз маркази таваҷҷӯҳ ғайб зад.
Соли 2013 алайҳи вай барои ғорати маблағ ва саркашӣ аз пардохти андоз парванда боз карданд. Соли 2015 вай 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ӯро ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд. Аз баҳори соли 2019 ӯ дар зиндони занонаи Тошканд нигаҳдорӣ мешавад.
Нисбат ба Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.
Ба иттилои тафтишот, Каримова бар ивази додани муҷаввиз аз ширкатҳои мухобиротии мисли МТС, VimpelCom, ING, Telia Sonera ҳудуди як миллиард доллар ришва гирифтааст. Ин маблағро ӯ ва наздиконаш тариқи ширкатҳои оффшорӣ аз Узбекистон ба хориҷ бурда, даҳҳо вилла ва моликияти дигар харидааст. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, маблағи умумии дороиҳои Гулнора Каримова ва гурӯҳи ҷиноии ӯ ба 1,4 миллиард доллар баробар аст. Узбекистон талош дорад ин пулҳоро ба кишвар баргардонад.
Гуфтугӯ