Амрико, Канада ва Шветсия интихоботи порлумониро дар Гурҷистон, ки ба қавли нозирони байнулмилалӣ бо тарсонидану таҳдиду фишор гузашт, танқид карданд.
Баъзе аз муҳоҷирони корӣ дар Русия мегӯянд, ки ҳамла ба хобгоҳ ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар он кишвар ба кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Мақомоти Русия дар се рӯзи охир аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар доданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои, ба гуфтааш, беасос боз кардани парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла барои гузоштани "лайк" дар Интернет танқид кард.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29-уми октябр як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бозпас гирифтани боғаш ба ниҳодҳои интизомии минтақа "бонги хатар" задааст. Вай дар номаи хеш ба мақомот иддао кардааст, ки масъулони ҳукумати маҳаллӣ ва Идораи замин бархилофи қонун боғи ӯро ба як соҳибкори дигар медиҳанд.
Хонаводаҳои ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят намебаранд, чун медонанд, ки натиҷае намедиҳад.
Пайвандони як ҷавони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз фишори намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд шикоят доранд.
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ба рӯйхати довталабони ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шомил шудааст.
Дар Афғонистон чанде пеш, тундбоди сахте рӯзи мардумеро сиёҳтар кард, ки дар натиҷаи сел бехонумон шудаанд.
Дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза рӯзи 27-уми октябр 45 нафар кушта шудааст.
Рӯзи 27-уми октябр дар Узбекистон маъракаи интихоби вакилон ба порлумони ин кишвар баргузор шуд.
Раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки набояд ҳамлаи Исроил ба Эронро "хурд" нишон дод.
Ёфтҳои бештар