Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзандон шаб дар берун монданду бемор шуданд"


Тундбор ҳоло ин хаймаҳоро ҳам наобуд кардааст
Тундбор ҳоло ин хаймаҳоро ҳам наобуд кардааст

Дар Афғонистон чанде пеш, тундбоди сахте рӯзи мардумеро сиёҳтар кард, ки дар натиҷаи сел бехонумон шудаанд.

Садҳо хонавода аз вилояти Ғӯр, ки дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд, тақрибан аз ҳамин сарпаноҳашон ҳам маҳрум шуданд. Толибони ҳоким дар Афғонистон ваъда додаанд, ки дасти мардуми беҷошударо дар ин рӯзҳои сахт мегиранд, аммо аҳвол дигар аст.

Хаймаҳои беҷошудагони сел сарпаноҳи касонест, ки се моҳ пеш селоб хонаҳояшонро вайрон кард.

Омина, яке аз беҷошудагон як фарзанд дошт, ки онро аз даст дод. Омина ва хонаводааш аз ноҳияи Мурғоби Ғӯр ба инҷо муҳоҷир шудаанд. Ӯ мегӯяд, “агар ба доди мо бирасанд, бирасанд, агар не Худо бирасад ба доди мо.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Фарзандон шаб дар берун монданду бемор шуданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Се моҳ пеш сел дар вилояти Ғӯр садҳо хонаводаро бехонумон кард. Дар ин селобҳо 50 нафар ҷон бохтанд, Хонаву киштзорҳои зиёд аз байн рафт.

Эшли Ҷексон, таҳлилгари Маркази пажӯҳиши муноқишаҳо мегӯяд, Афғонистон яке аз даҳ кишварест, ки бештарин осебро аз тағйири иқлимӣ мебинад.

“Ин кишвар ба ҳар навъ фоҷиаи иқлимӣ рӯ ба рӯ аст. Аз сел гирифта, то тундбод. Шояд ба мардум хайма ва кӯмакҳои фаврӣ расонида бишавад, аммо ин кӯмакҳо муваққатианд ва зуд тамом мешаванд,”-афзуд ин таҳлилгар.

Ҳукумати Толибон ваъда додааст, ки барои ҳазор хонаводаи селзада сарпаноҳ месозад, вале сокинони Ғӯр мегӯянд, то кунун ҳеч коре анҷом нашудааст. Сокинони зарардида зери ин хаймаҳо ва дар шароити тоқатфарсо зиндагӣ мекунанд.

Насрулло, яке дигар аз беҷошудагон гуфт, 25 хаймаи мардуми Шероба ва Испербон тахриб шуд ва фарзандонамон шаб дар берун монданду бемор шуданд.

Ҳудуди 400 хонавода, ки муваққатан ба ин маҳал омадаанд, умедворанд, хонаҳои ваъдашударо барои онҳоро ҳарчӣ зудтар месозанд. Аммо айни ҳол онҳо мӯҳтоҷи нону ғизо мондаанд, ки зинда бимонанду ба он хонаҳои нопайдо бирасанд.

XS
SM
MD
LG