Саноат Шукурова, зани нобиноро дар шаҳри Ҳисор баъди 16 сол омӯзгорӣ ба нафақа фиристодаанд. Вай мегӯяд, қатъи назар аз дархостҳои зиёдаш, ӯро бо баҳонаи син аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум карданд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт, ҷавоне, ки дар рӯзи рӯшан дар дохили масҷид бо корд ба ӯ дарафтод, аз ҷумлаи ифротгароён будааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳар се моҳ дар бораи буҷа иттилоъ нашр мекунанд. Кишвар дар радабандии "Шохиси шаффофияти буҷа" ба беҳбудӣ даст ёфтааст, вале мардум то ҳанӯз ба додаҳои зарурӣ, ки дар шакли печидаву норӯшан нашр мешаванд, дастрасӣ надорад.
Додситонии кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи шуморе аз чеҳраҳои шинохтаро то ду моҳи дигар дароз кардааст.
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ дар Молдова нишон доданд, ки раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду ва собиқ додситони кулл Александр Стояногло дар даври дуввум рақобат мекунанд. Баъди ҳисоби қариб ҳамаи овозҳо маълум шуд, ки Санду 42 ва Стояногло бештар аз 26 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудаанд.
Бо вуҷуди иҷозаи ҳукумат барои ворид кардани садҳо мошинҳои куҳна ба Тоҷикистон, сокинон мегӯянд, нархи мошин пойин наомад. Тоҷирон харҷи яксолаи нигаҳдорӣ ва дигар мушкилотро сабаби арзон нашудани мошин медонанд.
Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Молдова, раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду пешсаф аст. Ба тарафдори аз ӯ 37 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Александр Стояногло бо 29 ва Ренато Усатий бо камтар аз 14 дарсади раъй мақомҳои дуюм ва сеюмро касб карданд.
Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 20 октябр хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу бо собиқ президенти ИМА Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат кардааст.
Ҷерри Конноли, як узви демократи Конгресси Амрико мегӯяд, агар сарбозони Кореяи Шимолӣ аз ҷониби Русия барои ҷанги зидди Украина ҷалб шаванд, ин “намоиши заъфи Русия” хоҳад буд.
Дар ҳоле ки мақомот бунёду васеъ намудани роҳҳои Душанберо аз ҳадафҳои коҳиши танбашавии мошинҳо меҳисобанд, бархе сокинону ронандагон аз то рафт шиддат ёфтани мушкил нигаронанд.
Вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки шаби шанбе ба якшанбе дар паи ҳамлаҳои Исроил ба хонаҳо дар шимоли борикаи Ғазза 87 нафар кушта ё нопадид шудаанд.
Сокинони минтақаи нимамухтори шимолии Курдиcтони Ироқ рӯзи 20 октябр барои иштирок дар интихоботи деринтизори парлумонӣ пои сандуқҳои раъй мераванд.
Ёфтҳои бештар