Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати "Иттифоқи Бародарон" иҷозат додааст, ки дар канори рӯдхонаи Муқсу, калонтарин шохоби дарёи Сурхоб, маъданҳои табиӣ ҷустуҷӯ кунад. 60 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба шаҳрванди Чин Ли Хоуфу тааллуқ дорад. Рӯдхонаи Муқсу аз ноҳияи Мурғоб сар шуда, то ноҳияи Лахш мерасад.
Мақомоти Тоҷикистон аз бештар аз 120 ҳазор шаҳрванди кишвар хостаанд, ки то 3 моҳи дигар санадҳояшонро дар Русия дуруст кунанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи мақомот, ба феҳрасти онҳое меафтанд, ки бояд аз Русия бечунучаро ронда шаванд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар шаҳри Душанбе пурсиданд, ки дар бораи ин ҷангу низоъҳо дар чандин нуқтаи ҷаҳон хабар доранд ва ба назари онҳо касе метавонад ин ҷангҳоро хотима бахшад?
Думаи давлатӣ ё палатаи поёнии порлумони Русия паймони мушокирати стратегиро бо Кореяи Шимолӣ тасвиб кард, ки имкони "дарёфти кумаки низомӣ"-ро аз ин кишвар фароҳам мекунад. Ин иқдом эҳтимоли ворид шудани кишвари севумро ба ҷанги зидди Украина тақвият додааст.
Аз ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав, ки ба гумони тарҳрезӣ ва иҷрои он камаш 14 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, 7 моҳ гузашт.
Ҳузури сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Русия ва эҳтимоли ширкати онҳо дар ҷанги зидди Украина ҷанҷолбарангез шудааст.
Модари Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумат, гуфт, ки баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ӯро дар Боздоштгоҳ дидааст. Ба нақли Оиша Мирзоева, “вай бисёр ором буд, афсурдагӣ ё пушаймонӣ надошт.”
Як ҷавони 21-сола дар шароити мармуз ё норӯшан дар шаҳри Конибодом кушта шудааст. Амрулло Боймирзоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар коргоҳи тоза кардани пахта кор мекард. Ҳодиса шаби 22 ба 23-юми октябр дар ҷамоати "Патар"-и шаҳри Конибодом рух додааст.
Як маъмури милисаро дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун сабабгори тасодуфи нақлиётие боздошт кардаанд, ки дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Қазон рафт, то дар нишасти кишварҳои узви BRICS ширкат кунад. Созмонро Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар соли 2009 созмон додаанд. Тоҷикистон узви он нест.
Ду ниҳоди давлатӣ дар Словакия хулоса додаанд, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Амриддин Холмуродов ба кишвари севум фиристода шавад, аммо нагуфтаанд, ки ба куҷо.
Нерӯҳои вижаи Русия дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон ба як анбори шаҳри Самара даромадаанд. Дар ин амалиёт, ки рӯзи 20-уми октябр сурат гирифт, ба иттилои расмӣ, чордаҳ мавриди қонуншиканӣ аз сӯйи хориҷиён ошкор шуд.
Ёфтҳои бештар