Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 20 октябр хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу бо собиқ президенти ИМА Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат кардааст.
Ҷерри Конноли, як узви демократи Конгресси Амрико мегӯяд, агар сарбозони Кореяи Шимолӣ аз ҷониби Русия барои ҷанги зидди Украина ҷалб шаванд, ин “намоиши заъфи Русия” хоҳад буд.
Дар ҳоле ки мақомот бунёду васеъ намудани роҳҳои Душанберо аз ҳадафҳои коҳиши танбашавии мошинҳо меҳисобанд, бархе сокинону ронандагон аз то рафт шиддат ёфтани мушкил нигаронанд.
Вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки шаби шанбе ба якшанбе дар паи ҳамлаҳои Исроил ба хонаҳо дар шимоли борикаи Ғазза 87 нафар кушта ё нопадид шудаанд.
Сокинони минтақаи нимамухтори шимолии Курдиcтони Ироқ рӯзи 20 октябр барои иштирок дар интихоботи деринтизори парлумонӣ пои сандуқҳои раъй мераванд.
Ҷойнамоз зери бағал роҳ ба сӯи масҷид. Ин саҳнаи маъмулиест, ки ҳар рӯзи ҷумъа дар давру бари масҷидҳои Тоҷикистон ба назар мерасад.
Мақомоти Украина рӯзи 20 октябр гуфтанд, ки артиши Русия мавҷи навбатии мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишинашро дар саросари Украина партоб кард. Дар як чунин ҳамла иншооти энергетикӣ осеб дидааст ва шумори зиёде ҷароҳат бардоштаанд.
Дар Македонияи Шимолӣ дар паи ошкор кардани навъи бисёр сахти сироятии зукоми мурғ боғи ҷонварони шаҳри Скопйе баста шуд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Дандини кишвари Зеландияи Нав барои оғӯшҳои хайрбодии мусофирону азизонашон се дақиқа маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Дар ҷумҳурии Молдова рӯзи 20 октябр интихоботи президентӣ ҷараён дорад.
Дар минтақаи Шарқи Дур аввалин бор қарор содир шуд, ки се зодаи Тоҷикистон, ки тоза шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бо сабаби сари вақт ба қайди комиссариати ҳарбӣ нагузоштани номи худ аз шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ маҳрум карда шаванд.
120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамчун вайронкунандаи қонунҳои ин кишвар ба қайд гирифта шудаанд.
Ёфтҳои бештар