Лаҳни матбуот ва созмонҳои иҷтимоии наздик ба ҳукумати Русия дар масъалаи муҳоҷирон низ тундтар шудааст. Онҳо иддао доранд, ки дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд. Ҳомиёни ҳуқуқ шеваи рафтори маъмурони интизомии Русияро бадрафторӣ ва миллатгароёна меноманд.
Дар як наворе, ки созмонҳои наздик ба мақомоти Русия нашр карданд, ҳамлаи пулиси вижа ба хобгоҳи муҳоҷирон дар Балашихои Маскавро дидан мумкин аст. Маъмурони ОМОН бо зӯр дарҳоро шикаста даромадаанд ва муҳоҷирон дастҳо ба пушт ба замин хобидаанд. Ҳодиса шаби 27-уми октябр рух додааст.
"Русская обшина", як созмони миллатгарои рус, ки мақомотро дар чунин амалиёт ҳамроҳӣ мекунад, аз боздошти 100 муҳоҷир дар ин ҳамла хабар дод.
Ин созмони миллатгаро гуфтааст, нисфи боздоштшудаҳо ҷарима ва нисбат ба бархе барои роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Боздоштшудаҳоро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ номидаанд, вале дар навор ҳарф аз тоҷику тоҷикистонӣ аст.
“Боз кӣ тоҷик аст инҷо? Ба ин бигӯед, ки чӣ тавр ба Русия омад ва бо забони русӣ имтиҳон супурд?" – шунида мешавад дар ҷое аз навор.
Ин боздошт зоҳиран охири кор нест. Мақомоти рус хабар доданд, ки рӯзи 28-уми октябр боз 150 муҳоҷири дигарро дар Балашихо боздошт ва бархеро барои сафарабарӣ ба артиш дар комиссариати ҳарбӣ намнавис кардаанд. Ишорае, ки онро ҳамчун сафарбарӣ ба ҷанги Украина мефаҳманд.
Дар ҳавзаи Краснояр дар чунин амалиёте дар рӯзи 28-уми октябр кормандони комиссариати ҳарбӣ мақомоти интизомиро ҳамроҳӣ кардаанд. Дар ин амалиёт ҳудуди 230 муҳоҷири дигар боздошт шудааст.
Поёни кор, тибқи маъмул, пас аз фишору азият ҷарима, ихроҷ ба ватан ё сафарбарӣ ба артиш аст.
Барои фишору азият ва вазъи бади муҳоҷирон ангушти интиқод бештар ба сӯи ҳукумати Тоҷикистон ва Русия баланд мешавад, ки яке ҳеч талоше барои беҳбудӣ шароити муҳоҷирон намекунад ва дигаре ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ огоҳона роҳ медиҳаду намоишкорона муҳоҷиронро ҳамчун василаи фишор озору азият медиҳад. Амале, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онро намунаи бадтарини поймолшавии ҳуқуқи инсон медонанд. Ва поёни он ҳамоно ба назар намерасад.
Видеоро дар ин ҷо бинед: