Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

21
Мардум дар вилояти Юннани Чин обхезӣ дар дарёи Ҷиншаро мушоҳида мекунанд. 15 июл.

22
Мотам дар Фаронса ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар рӯзи истиқлолияти он кишвар. Дар ин ҳамлаҳо 84 нафар кушта шуданд. 14 июл.

23
Парчами Туркия ва акси раиси ҷумҳури он кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар майдони "Тақсим"-и Истанбул. 23 июл. Низомиён дар ин шаб талош карданд қудратро дар даст бигиранд.

24
Як зани украинӣ хонаи тахрибшудаи худро дар минтақаи Донетск мушоҳида мекунад. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина дар ин минтақа бо ҳам даргир ҳастанд. 1 август.