Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

25
Бошандагони яке аз маҳаллаҳои пойтахти Бразил ҷараёни оғози Бозиҳои олимпиро тамошо мекунанд. 5 август.

26
1 сентябр. Гурӯҳҳои наҷотбахш дар деҳаи Лазио дар Аматрайс дар Италия қурбониёни зилзиларои ҷустуҷӯ мекунанд. Бар асари зилзилаи 6-дараҷаӣ, ки рӯзи 24 август рух дод, наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расиданд.

27
Як уқоби шикорӣ дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар Қирғизистон. 6 сентябр.

28
Як марди суриягӣ дар яке аз минтақаҳои шаҳри ҷангзадаи Ҳалаб бо фарзанди хурдаш аз миёни биноҳои тахрибшуда убур мекунад. 11 сентябр.