Тибқи гузоришҳо, бинои кинотеатри “Ориёно”, ки дар солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст вайрон шуда, дар ҷойи он маркази савдо хоҳанд сохт.
Тасвирҳои моҳворавӣ аз кӯлу обанборҳо дар Эрон бозгӯйи буҳрони хушксолӣ дар ин кишвар ҳастанд. Муқоисаи аксҳои нав бо аксҳои як сол пеш.
Рӯзи 2 сентябри соли 1920, 105 сол пеш аморати Бухоро сарнагун ва амир Олимхон - охирин раҳбари сулолаи Манғития аз қудрат барканор гардид. Бухоро, ки дар паи табартақсими ҳукумати шӯравӣ ба ҳудуди Узбекистон ворид карда шуд, то имрӯз чун осорхонаи зиндаи аморати Бухоро ҳифз шудааст.
Русия рӯзи 28-уми август бо садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳамла кард. 23 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Чанд бино, аз ҷумла дафтари Радиои Озодӣ осеб дидааст.
Дар ҳамлаи густардаи Русия ба пойтахти Украина даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳодиса субҳи 28-уми август рӯй дод. Аксҳо аз маҳалли ҳодиса
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар 25 соли ҳукуматдорияш бо панҷ президенти Амрико – Билл Клинтон, Ҷорҷ Буш, Барак Обама, Доналд Трамп ва Ҷо Байден – дар умум 48 дафъа мулоқот кардааст. Интизор меравад, рӯзи 15-уми август дидори гуфтугӯи ӯ бо Доналд Трамп дар Аляска гузарад.
Аз Ҷанги Сард то ҷанг дар Украина - аксҳое аз бойгонӣ таърихчаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро баён мекунад, ки 75 сол пеш дар Рӯзи истиқлолияти ИМА ба кор оғоз кард. which began broadcasts on US Independence Day, 75 years ago.
Исроил гуфт, ки дар ҳамлаҳои шаби 13 июн ба Эрон муассисаҳои ҳастаиро ҳадаф қарор додааст. Дар ин нигаронистон намои кӯчаву биноҳои Теҳрон баъди ҳамлаҳо нашр шудаанд
Аз Тоҷикистон то Ғаззаву Мисру Яман. Таҷлили ид ба ривояти аксҳо
Рӯзи 5 июн дар остонаи Иди Қурбон молбозори шаҳри Кӯлоб сермуштарӣ буд, вале бисёриҳо аз гарон будани нархи гусфанди қурбонӣ изҳори нороҳатӣ мекарданд. Гусфандеро, ки ба гуфтаи онҳо то ду ҳафта пеш 2400 сомонӣ буд, ҳоло ба 2800 сомонӣ пешниҳод мекарданд.
Ёфтҳои бештар