Дар як моҳи охир дар шаҳри Душанбе ду занозании гурӯҳӣ ва кордкашии ноболиғон сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо як наврас ҷон бохта, як нафари дигар захмист ва чандин тан дар боздошт қарор доранд. Чаро кордкашиву занозании гурӯҳӣ миёни наврасони тоҷик бештар мешавад?
Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мусулмонон дар зиндонҳои Русия бо бадтарин шиканҷа мувоҷеҳ мeбошанд.
Сокинони як деҳа дар Исфара шикоят доранд, ки мақомот барои таъмири масҷид дар маҳалли зисташон иҷозат намедиҳанд. Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт. Мардум сабаби ҳодисаро ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд. Хулосаи оташнишонҳо ҳанӯз эълон нашудааст.
Тибқи иттилои Муассисаи Давлатии Маркази Барномаҳои Байналмилалӣ ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар Чин назар ба соли гузашта 50 дарсад афзудааст.
Дар Тоҷикистон гурӯҳе аз ҷавонони навкору навовар барои иштирок дар маросими ҷоизасупории NASA Space омодагӣ мегирад ва аммо барои рафтан ба Амрико маблағ меҷӯяд.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе 20-солагии таъсиси Википедияи тоҷикиро ҷашн гирифтанд. Дар он олими тоҷик Иброҳим Рустамовро яке аз бунёдгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи тоҷикӣ номида, афсӯс хӯрданд, ки натавонист дар ҷашн ширкат кунад.
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Сафорати Амрико дар Душанбе дар маросиме ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар хориҷа даъват кардааст.
Дар Тоҷикистон талош доранд шамшерзанӣ – як варзиши қадимиро дубора эҳё кунанд. Варзише, ки дар гузашта таълими он ба фарзандони шоҳу ашрофзодагон ҳатмӣ буд.
Бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Лубнон, теъдоди афзояндаи ҷавонони шимоли ин кишвар ба Ироқ рафтаву ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” мепайванданд. Сабаб на танҳо фақру камбизоатӣ ва ё идеологияи ифротӣ, балки иллатҳои дигар низ будааст.
Тибқи фармони президенти Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ 30-юми ноябр ба анҷом расид. Аммо мақомот хабар надодаанд, ки нақшаи даъват то имрӯз пурра иҷро шуд ё не.
Ёфтҳои бештар