Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

13
Як минаҷӯи русӣ дар наздикиҳои шаҳри таърихии Палмираи Сурия. 7 апрел.

14
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Кобул. Аксари ин тазоҳургарон аз ақалияти Ҳазора буданд ва талаб доштанд, ки хатти интиқоли барқи Осиёи Миёна ба Афғонистон, аз вилояти Бомиён убур кунад.16 май.

15
Рӯзноманигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова рӯзи 25 май пас аз раҳоияш аз зиндон бо хабарнигор сӯҳбат мекунанд. Исмоилова дар моҳи декабри соли 2014 барои гузоришҳояш дар мавриди фасод дар Озарбойҷон, ба зиндон маҳкум шуда буд.

16
Нодия Савченко дар Фурудгоҳи байналмилалии Бориспол дар Киев бо хабарнигорон суҳбат мекунад. Савченко дар моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина боздошт шуд ва ба Русия интиқол ёфт. Вай дар куштори ду хабарнигори рус муттаҳам мешуд. Вай дар ивази ду маҳбуси рус раҳо шуд. 25 май.