Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

17
Тазоҳуроти зиддиҳукуматиӣ дар Мақдуния. 31 май.

18
12 июл. Намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо ва тарафдорони онҳо дар наздикии Қасри Сафед хотираи қурбониёни ҳамла ба як клуби шабонаи ҳамҷинсгароҳо дар Флоридаро гиромӣ медоранд. Дар ин ҳамла 49 нафар кушта ва 53 нафари дигар захм бардоштанд.

19
Нигел Фараг, раҳбари Ҳизби истиқолияти Бритониё аз раъйи мардум дар робита ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо дар пайи як ҳамапурсӣ, шодмонӣ мекунад. 23 июн.

20
11 июн. Як зан хотираи қурбониёни наслкушии соли 1995 дар Сребренитсаро гиромӣ медорад. Дар ҷараёни ҷанги Босния сербҳо дар ин шаҳр 8 ҳазор мусалмонро қатли омм карданд.