Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Хонаҳои сард ва соатҳо маҳрум аз барқ; омодагӣ ба насби бухорӣ ва нигаронӣ аз сиҳатии беморону кӯдакон дар бебарқӣ. Ин тасвир аз ягон деҳаву ноҳияи дурдасти Тоҷикистон нест. Сокинони баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ҳамин аҳволро доранд.
Шикоят аз норасоии нерӯи барқ дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Бо сардтар шудани ҳаво реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҳам сахттар шудааст. Дар ин шароит мақомот аз сокинон хостаанд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд.
Дар Душанбе даҳҳо толори варзишӣ ё фитнесклубҳо фаъолият доранд, ки бо пешниҳоди машқу хидматрасониҳои гуногун занону мардонро ба тамрин даъват мекунанд.
"Наёфтем. Ба кадом нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароем, мегӯянд, ки газ нест ва дар як-ду рӯзи оянда ҳам намешавад." Лутфулло, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, рӯзи панҷуми ноябр чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар пойтахт гашт, аммо гази моеъ наёфт.
Лутфулло, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, рӯзи панҷуми ноябр чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар пойтахт гашт, аммо гази моеъ наёфт. Вай ду рӯз боз дар ҷустуҷӯйи гази моеъ аст ва бо зарфи холӣ ба хона бармегардад.
Зилзилаи сахте, ки шаби дуюм ба сеюми ноябр Тоҷикистонро такон дод, ба иттилои расмӣ, зарар ва талафоти ҷонӣ надоштааст. Аммо воҳимаву таҳлука сокинони зиёдро аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе ба берун баровард.
Сар аз имрӯз мактабхонҳои Тоҷикистон барои як ҳафта ба таътили тирамоҳӣ рафтанд. Вазорати маориф аз волидон даъват кард, ки дар таътил фарзандонро ҷиддӣ назорат кунанд, то китоб хонанд ва аз телефони мобилӣ зиёд истифода накунанд. "Озодӣ" аз волидон пурсид, ки барои фарзандонашон чӣ нақша доранд?
Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии ИМА ҳанӯз озмун ё лоторея барои дархости "Green Card" ё ҳақи иқомат дар Амрикоро эълон накардааст, вале сокинон дар Душанбе аз ҳоло барои ширкат дар ин барнома омодагӣ мебинанд.
Қарори манъи истифодаи скутер ё дучархаҳои барқӣ то соли 2030 дар Душанбе, соҳибони ин навъи нақлиётро нигарон кардааст. Онҳо таъкид мекунанд, ки скутерҳо ба муҳити зист зарар надорад ва дар шароити тамбашавии зиёду камбуди нақлиёти мусофирбар дар пойтахт корашонро осон карда буд.
17-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр аст. Мавзӯи нодорӣ барои Тоҷикистон нав нест. Ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебарад, яъне аз рӯи меъёрҳои Бонки Ҷаҳонӣ даромади рӯзонааш камтар аз 3 доллар мебошад. Дар миёни қишри ниёзманду мӯҳтоҷ занҳои танҳо кам нестанд.
Хабарнигори Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки чаро мардуми Тоҷикистон аз ҳад зиёд нон мехӯранд?
Бо анҷоми нишастҳои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил чораҳои амниятӣ ҳам дар пойтахт камтар шуданд ва пулис ҳама роҳҳои марказиро боз кард. Роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки 9 кишвари собиқ Шӯравиро фаро мегирад аз 8 то 12 октябр дар Душанбе буданд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони савол додан ба Путин мешуд, аз ӯ чӣ мепурсиданд?
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз волидон хостааст, ки дар сурати аз нархномаи муайяншуда бештар талаб шудани пули китоб дар мактабҳо, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Сокинони аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки чанд рӯзи ахир интиқоли нерӯи барқ беогоҳӣ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.
Роҳҳои Душанбе аз мошинҳои барқии чинӣ пур шудааст. Сокинон бо майли зиёд ин худравҳои нисбатан дастрасро мехаранд ва аз каммасраф будани он ситоиш мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳтимоли вуруди Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) рад кард. Бархе аз расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дархости узвият ба ин паймонро хоҳад дод.
Наздикони як зани кушташуда дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷазое, ки додгоҳ барои қотили ӯ додааст, розӣ нестанд.
Ёфтҳои бештар