Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷӣ: нозирони САҲА нигоҳи якҷониба доштанд


Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ODIHR) тартиби сабтиномро риоя накарда, кишварро тарк намуданд.

САҲА рӯзи 4-уми феврал дар эъломияе гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон" боис шуд, ки аз назорати интихоботи моҳи март даст кашад.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал нозирони ин созмонро ба вайрон кардани муқаррароти интихобот ва хатари ба вуҷуд овардани шарҳи нодурусти вазъияти дохилии Тоҷикистон муттаҳам кард.

"Сабтиноми ҳамаи мушоҳидон то 10-уми феврал давом кард. Фақат гурӯҳи Дафтари ниҳодҳои демкоратӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА аз пеши худ таърихҳои дигарро барои сабтином пешниҳод карданд. Онҳо хостанд, ки қонунгузории моро вайрон кунанд. Пешниҳод карданд, ки онҳоро то 31-уми январ сабтином кунанд. Азбаски КМИР тартибу қоидаи худашро дорад, натавонистем онҳоро то 31-уми январ ба қайд гирем," – гуфт вазир.

Ӯ афзуд, нозирон сипас таърихи дуюмро пешниҳод карданд: “То 3-юми феврал ҳам мо ин корро карда натавонистем. Онҳо гашта ба Вена рафтанд ва дар он ҷо Шӯрои доимии Вена/САҲА-ро даъват карданду хостанд, ҳамин масъалаи иштироки онҳоро аз нуқтаи назари манфӣ ба тамоми аъзои созмон расонанд."

Мария Телалян, роҳбари Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар баёнияи 4-уми феврал гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи он ки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин Дафтари ниҳодҳои демократии САҲА-ро ба он муттаҳам кард, ки ҳайати арзёбии ниёзҳои ин ниҳод дар гузорише вазъияти дохилии Тоҷикистонро беасос ва яктарафа арзёбӣ кардаанд.

"Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар ин гузориш масъалаҳое қайд гардидаанд, ки ба интихобот ва рафти омодагии он рабте надоранд. Чунин муносибат хавфи ба вуҷуд овардани шарҳи нодурусти вазъияти дохилиро ба бор меорад. Ба замми ин дар гузориш аз иқдоми мусбати мақомоти давлатӣ барои таҳкими субот ва рушди кишвар чизе зикр нашудааст," -- гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 2-юми марти имсол баргузор мешавад. 63 узви Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад.

Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.

Нозирони САҲА дар ҳоле аз мушоҳидаи интихобот даст кашиданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва ин созмон дар солҳои охир бино бар ширкати мухолифони ҳукумат дар ҳамоишҳои он ба сардӣ гароидаанд.

XS
SM
MD
LG