Раҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ифшои омори муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия худдорӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо ин сабабҳои худро дорад.
Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират 30-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо наметавонем омори ба муҳоҷират мерафтаҳоро пешниҳод кунем. Ба хотири он ки ин омор омехта аст. Шаҳрвандоне ҳаст, ки аз қаламрави Тоҷикистон бо дигар ҳадафҳо сафар мекунад, на муҳоҷират. Онҳо низ ҳамчун муҳоҷир сабт мешаванд.”
Муовини вазири меҳнат ҳамчунин гуфт, барои дақиқ кардани омори муҳоҷирон, бояд низоми рақамии сабти муҳоҷирон ва дигар афроди ба хориҷа сафаркардаро таъсис диҳанд. Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, дар нишасти хабарӣ аз ифшои омори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия низ худдорӣ карданд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат ва муҳоҷират дар посух ба суоли батакрори хабарнигорон танҳо гуфт, “теъдоди муҳоҷироне, ки ихроҷу бозпас баргардонида шуданд, кам ҳастанд.”
Мақомоти Тоҷикистон бо далелҳои норӯшан, давоми як соли ахир омори муҳоҷирони меҳнатиро ифшо намекунанд. Моҳи феврали имсол, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон тасдиқ карда буд, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рӯйхати маълумоти махфӣ ворид шудааст.
Аз соли 2017 ба ин сӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз эълони пули муҳоҷирон худдорӣ мекунад. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки расонаҳои Русия навиштанд, ки муҳоҷирон дар даҳ сол ба Тоҷикистон 19 миллиард доллар ворид кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то соли 2024, теъдоди муҳоҷиронро эълон мекарданд, ҳарчанд бисёриҳо онро камшуда медонистанд.
Видеоро инҷо бинед:
Дар робита ба муҳоҷирон имсол танҳо додситони кул як рақамро эълон кард. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон 14-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, соли гузашта ихроҷи муҳоҷирон аз Русия чанд баробар зиёд шудааст.
«Агар пештар то ҳазор касро ихроҷ мекарданд, пас соли гузашта ин рақам аз 30 ҳазор одам гузашт. Танҳо аз фурудгоҳҳо зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карданд,»-гуфта буд Ҳабибулло Воҳидзода.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия моҳи октябри соли 2022 замоне дар сархати расонаҳо ҷой гирифт, ки Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳо дар Остона теъдоди онҳоро беш аз ду миллион нафар гуфт. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо ин омор розӣ нашуд ва гуфт, ки аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор барои кор рафтаанд, дигарон муҳоҷир нестанд. Ба дунболи Тоҷикистон, Русия низ аз эълони пули муҳоҷирон худдорӣ кард ва як омори тахминиро танҳо Бонки Ҷаҳонӣ сари чанд вақт эълом медорад.
Бонки Ҷаҳонӣ 30-юми июл дар гузориши ахираш гуфт, саҳми пули муҳоҷирони кории тоҷик дар пешбурди иқтисод ҳамчунон муҳим аст. Ба иттилои ин ниҳоди молии байнулмилалӣ, соли 2024, пули муҳоҷирон 49 дар сади маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст.