Гузориш бар пояи таҳлили маводи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, созмонҳои молии байналмилалии мисли Бонки ҷаҳонӣ ва ҳам маълумоти омори Русия таҳти унвони “Гузориш оид ба вазъи муҳоҷират. Июл-декабри соли 2024” рӯзи 6 май нашр шудааст. Ин гузориш мегӯяд, тахминан 15 миллион доллари ин маблағҳоро муҳоҷирон аз Қазоқистон ирсол кардаанд.
Гузориши 14-саҳифаӣ натиҷагирии вазъи муҳоҷиронро бештар бар пояи омор баррасӣ кардааст.
Дар ҳоле, ки Русия ҳамоно макони муҳими муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла, Узбекистону Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, давлатҳои аврупоӣ ва ҳам ИМА шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони муҳоҷири корӣ ваё муҳоҷирони ғайриқонунӣ сабт шудаанд.
Ба навиштаи муаллифони гузориш, соли 2024 бо сабаби бӯҳрони атрофи “Крокус”, шикоятҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар заминаи нофаҳмиҳои қонунҳои то рафт маҳдудкунанда барои муҳоҷирон дар Русия ба унвонии мақомоти тоҷик 251% афзудааст. Ҳисобҳои расмӣ мегӯяд, ки беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон соли 2024 дар Русия буд.
Онҳое, ки ба унвони муҳоҷири корӣ дар ин кишвар қарор доштанд, беш аз 600 ҳазор нафар будаанд. Ин омор 8% камтар назар ба соли 2023 будааст. Коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия асосан ба фишору таъқибҳои баъди ҳамлаи террористии моҳи марти соли гузашта ва ҷорӣ шудани қоидаҳои шадидан маҳудудкунандаи ҳузури муҳоҷирон дар минтақаҳои ин кишвар рабт доштааст. Ҳамин фишорҳо сабаб шудааст, ки шумори баргаштаҳо аз Русия зиёд шавад.
Кишварҳои дигар
Дар таҳлили Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ ҳам як назаре карда шудааст. Омори давлатии ин кишвар мегӯяд, соли 2024 дар ин кишвар 6339 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 67% мард ва 33% занон бар асоси визаҳои кӯтоҳу дарозмуддат қарор доштанд. Ин қариб чил дарсад бештар назар ба соли 2023 буда, ба қарордоди расмии байни ду кишвар бастагӣ дорад, ки кори мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Корея фароҳам мекунад.
Дар маълумот оид ба муҳоҷирати ғайридоимӣ ба ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳои хориҷаи дур ҳам таваҷҷӯҳ шудааст. Масалан, бар асоси омори Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА, соли 2024 аз хоки ин кишвар 77 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ карда шуд ва ин омор дар муқоиса бо солҳои аз он пеш фавқулодда зиёд аст. То охири сентябри соли 2024 дар қаламрави Иттиҳои Аврупо 725 шаҳрванди Тоҷикистон амр гирифтанд, ки кишварро тарк кунанд ва инҳо 32 дарсад бештар назар ба соле аз он пеш будааст. Омори калонтарини ихроҷҳо Литва, Олмон ва Полша гузориш додаанд.
Омори дигаре мегӯяд, мақомот дар Мексикаи ҳамсарҳад бо ИМА дар фурати байни моҳҳои январ то августи порсол 324 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Тоҷикистонро ба қайд гирифтаанд. Мексика солҳои охир барои ҳазорҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чун роҳи ғайриқонунии вуруд ба хоки ИМА истифода шудааст.
Тоҷикистон киҳоро пазируфт
Соли 2024 дар дохили Тоҷикистон ҳам ҳузури нисбатан афзояндаи коргарони хориҷӣ мушоҳида шудааст.
То декабри порсол мақомот ба 6500 коргари хориҷӣ иҷозаи кор дар ин кишварро содир кардааст. Аксари иҷозатномаҳоро шаҳрвандони Чин – 2448 дарёфт кардаанд, ки дар тарҳҳои муштараки саноатӣ ба кор ҷалб шудаанд. Шумори коргарони чинӣ назар ба соле аз он пеш 23 дарсад афзудааст, мегӯяд гузориши Созмони ҷаҳонии муҳоҷират. Дар миёни шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки иҷозаи кор дар Тоҷикистонро дарёфт кардаанд, Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Русия ва дигар давлатҳо ёд мешаванд.
Гуфтугӯ