Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷират: Рақамҳо чаро "сиррӣ" шуданд? 


Коргарони тоҷик дар Сочии Русия. Акс аз бойгонӣ
Коргарони тоҷик дар Сочии Русия. Акс аз бойгонӣ

Оҷонсии омори Тоҷикистон чанде пеш гуфт, шумораи муҳоҷирони берункардашуда аз Русия муҳри махфӣ гирифтааст. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон низ эълом дошт, ки бо сабаби якхела набудани  маълумот бо мақомоти Русия, Тоҷикистон аз овардани шумораи муҳоҷирон худдорӣ  мекунад.

Кумитаи занони назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, намедонад чӣ қадари муҳоҷирон занонанд. Мақомот аз гуфтани омори он ки аз Русия дар як сол чанд тобут оварда шуд, низ саркашӣ карданд. Чанд сол пеш аз ин Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон ба кишвар “сирри давлатӣ” хоҳад буд. Чунин бархӯрд ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ мушоҳида мешавад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон дар нишасти чанд ҳафта пеш дар Душанбе эътироф кард, ки “Ҳозир ҳамин шумораи муҳоҷиронро низ ба маълумоти муҳри махфӣ дохил карда истодаанд”. Вале ба бовари коршиноси масоили муҳоҷират Шӯҳрат Латифов, «пинҳон кардани омори интиқоли маблағҳо таъсири манфии калон дорад».

Мақомоти Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарие гуфтанд, шумораи муҳоҷирони аз Русия ихроҷкардашуда пинҳонӣ аст. Онҳо шумораи умумии муҳоҷиронро низ номбар накарданрд. Чанд сол пеш маблағи фиристодаи муҳоҷирон ҳам махфӣ шуда буд.

Рақамҳо чаро “сиррӣ” шуданд?

Шӯҳрат Латифов гуфт, эҳтимолан мақомот ба ин кор чанд далели худро доштанд: «Яке аз сабабҳои асосиаш ин мухолифати омори мақомоти Тоҷикистон ва Русия аст, ки омори Тоҷикистон нисбатан ба омори хадамоти муҳоҷирати Русия қариб панҷоҳ фоиз, аз он зиёд ҳам фарқ мекунад, - гуфт ӯ. - Фарқ аз чӣ аст? Фарқ аз он аст, ки Русия теъдоди муҳоҷирони меҳнатиеро, ки дар Русия ҳастанд, ҳисоб мекунад, новобаста ба он ки онҳо кай омаданд.”

Гуногунии омори шумораи муҳоҷирон бори аввал дар соли 2019 расонаӣ шуд. Он вақт президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки дар кишвараш 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро 480 ҳазор нафар номид.

Он замон, яъне шаш сол пеш намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Саидасрор Саидов гуфт, мақомоти ду кишвар дар пайи якхела кардани оморанд. Вале аввали моҳи феврал Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода гуфт, ҳоло ҳам ин духелагии омор дуруст нашудааст. Ӯ, аз ҷумла гуфт: “Барои якхела шудану духӯрагӣ пайдо накардан ҳоло кор дар ин самт рафта истодааст.”

Коршиноси умури муҳоҷират дар Аврупо Зафар Ғоибов мегӯяд, пинҳон доштани омору арқоми муҳоҷирон як “амали барқасдона” аст.

Зафар Ғоибов, коршиноси тоҷики муқими Аврупо: “Маҳдуд кардани эълони омори ихроҷшудагон ба ҳукукмат имкон медиҳад, ки иттилоъотро таҳти назорат гирад ва танҳо он маълумоте нашр шавад, ки барои ҳифзи имиҷи ҳукумат мувофиқ аст. Нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таблиғоти ҳукуматӣ. Ҳукумат мехоҳад тасвиреро ба вуҷуд орад, ки вазъи иқтисодӣ беҳтар шудааст ва муҳоҷирати оммавӣ мавҷуд нест. Агар омор ошкор шавад собит мекунад, ки вазъият дар асл бадтар шудааст”.

Расонаҳои Русия менависанд, мақомоти ин кишвар низ аз соли 2024 гирифта, шумораи муҳоҷиронро эълон намекунанд. Инро бори аввал охири соли гузашта демографи мустақил Алексей Ракша расонаӣ кард.

Шӯҳрат Латифов мегӯяд, афзоиши бегонабадбинӣ дар Русия сабаби дувумест, ки ҳукумати Тоҷикистон аз эълони шумораи муҳоҷирон худдорӣ мекунанд.

“Соли 2024 муҳоҷирситезӣ дар Русия аз тарафи баъзе мақомдорон бисёр шуд, ҳамчунин аз тарафи расонаҳо, - мегӯяд Латифов. - Мумкин аст, ки байни худи мақомот тасмим гирифта бошанд, ки оморро накушоянд, зеро ин боиси истифодабарии он бо мақсадҳои гуногун аз тарафи баъзе мақомотдорони Русия мешавад.”

Зафар Ғоибов - ҳамсуҳбати дигари мо ҳам ин нуктаро тасдиқ мекунад. Як далелаш, ба қавли ӯ бо мақсади “Нигоҳ доштани муносибатҳои сиёсӣ бо Русия (мебошад). Ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад эътироф кунад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия таҳти фишор қарор доранд, зеро ин муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиро бо Русия халалдор мекунад.”

"Як мавзуи нозук"

Дар силсилаи нишастҳои хабарии охир дар Тоҷикистон мансабдорон ба суоли он ки чӣ қадар муҳоҷирони тоҷик аз Русия депорт шуданд, ҷавоби аниқ надоданд. Танҳо Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, гуфт, ихроҷ ва баргардонданҳо аз Русия зиёд шудааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Агар пештар то ҳазор касро ихроҷ мекарданд, пас соли гузашта ин рақам аз 30 ҳазор одам гузашт. Танҳо аз фурудгоҳҳо зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карданд.”

Коршинос Зафар Ғоибов мегӯяд, эълони ин омор низ як мавзуи нозук ба шумор меравад. “Албатта, эълон кардани омори дақиқи ихроҷшудагон як қисми муҳими тасаввуроти воқеии вазъи муҳоҷират мебошад, аммо пинҳон доштани омори ихроҷ ба сабаби асосӣ вобаста аст. Аввал пешгирии ошкор шудани миқёси воқеии мушкил, шумораи ихроҷшудагон метавонанд нишон диҳанд, ки муносибати кишварҳо қабулкунанда махсусан Русия ба муҳоҷирони тоҷик торафт сахттар мешавад. Агар ин омор расонаӣ шавад, собит мекунад, ки муҳоҷирон зери фишор ва таъқиб қарор доранд, ки барои имиҷи ҳукумат зараровар аст. Ин собит мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷиронро ҳимоят кунад. Махсусан дар шароите муҳим аст, ки муҳоҷирон маблағи асосии иқтисодии кишварро таъмин мекунанд.”

Вале хабарҳо нишон медиҳанд, ки баръакс солҳои охир ба фарқ аз гузашта талоши ҳимояи муҳоҷирон аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бештар шудааст. Онҳо аз боздоштгоҳҳо дидан мекунанд, ахиран 10 муҳоҷирро аз ғуломӣ дар Магадан раҳо намуданд ва мегӯянд, дар дидор бо мақомоти Русия масъалаи муҳоҷиронро дар миён мегузоранд. Ин метавонад далели бавоситаи зиёд будани муҳоҷирон дар Русия бошад.
Коршиносон ба ин назаранд, ки мақомоти Тоҷикистон маълумотро дар бораи пули ба кишвар воридшавандаи муҳоҷирон ошкор намекунанд. Сабаби асосӣ пешгирии ошкор нашудани вобастагии иқтисодии Тоҷикистон аст, мегӯяд Зафар Ғоибов.

Зафар Ғоибов, коршиноси масоили муҳоҷират гуфт: “Пинҳон кардани омори маблағҳои интиқолшуда аз ҷониби муҳоҷирон, инчунин шумораи дақиқи муҳоҷирон як раванди мушаххасест, ки чанд соли охир дар Тоҷикистон ва кишварҳои дорои ҳукуматҳои авторитарӣ мушоҳида мешавад. Сабабҳои асоии ин иқдом чунинад: пешгирии ошкор шудани вобастагии иқтисодӣ. Дар солҳои охир маълум гардид, ки Тоҷикистон шадидан ба даромади муҳоҷирон вобаста аст. Тибқи оморҳои қаблӣ, интиқоли пули муҳоҷирон беш аз 30 фисад маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медод. Эълони расмии ин рақамҳо нишон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон бе муҳоҷирон қодир нест фаъолона рушд кунад».

Беш аз нисфи ММД Тоҷикистон

Омори навтарини Бонки ҷаҳонӣ ингуна аст, ки дар соли 2023 пули фиристодаи муҳоҷирон ба 5 миллиарду 700 миллион доллар расидааст. Ин шохис дар соли 2022 - 5 миллиарду 300 доллар (ё 51,1 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ) ва дар соли 2021 баробар бо 2 миллиарду 900 миллион доллар будааст.

На Бонки Ҷаҳонӣ ва на Бонки Осиёии Рушд омори соли 2024-ро нашр накардаанд. Ба андешаи коршинос Шӯҳрат Латифов, пинҳон кардани миқдори пули фиристодашуда ва омори муҳоҷирон ба суди Тоҷикистон нест. Ӯ гуфт: «Омор бояд ошкор бошад. Фарз кардем, омори маблағ ё маблағҳои интиқолӣ. Ин асосан ба фоидаи худи Тоҷикистон аст. Барои он ки ҳар як маблағгузор, ҳар як сармоягузор аз он истифода мебарад».

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG