Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Сар аз имсол, дар Тоҷикистон ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз баландтар шуд. Порлумони Тоҷикистон охири соли 2025 аз тарҳе ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он ҳаҷми ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз як баробар боло меравад.
Фарқияти харид ва фурӯши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо 100 долларро 920-922 сомонӣ харида, 937 то 940 сомонӣ мефурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, фарқияти зиёди дар хариду фурӯши доллар ба кори онҳо зарар мерасонад.
Фарқияти харид ва фуруши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар баъзе бонкҳо хариди доллар 920-922 ва фуруши он 937то 940 сомонӣ ҳам ба роҳ монда шудааст.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ кор карданд? Суоле, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ бе посух гузоштанд. Аз миёни онҳо танҳо як нафар ҳозир шуд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.
Тасмими ҳукумат барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ аз 1-уми феврали имсол бархе аз сокинонро нигарон кардааст.
Арзиши нерӯи барқ, ки дар назар аст, аз якуми феврал боло бурда шавад, ба назари баъзе сокинон ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.
Сари ҳар қадам дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон маҳсулоти хориҷиро дидан мумкин аст. Аз хӯрок то либосу дастгоҳҳо. Маҳсулоти сохти Тоҷикистон қариб дида намешаванд. Аз ин вазъ президенти Тоҷикистон ҳам огоҳ будааст.
"Гузаштани кӯдаконро бин. Калонҳо наметавонанд, кӯдакҳо аз куҷо метавонанд? Чӣ аҳвол дар маркази шаҳр." Ин шикояти сокинони кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар пойтахти Тоҷикистон аз вазъи роҳ дар маҳалли зисташон аст.
Суръати поини интернет, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, ноогоҳии мардум, холигиҳо дар таъмини амният дар фазои маҷозӣ ва камбуди сармоягузорӣ аз мушкилиҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон дар ростои истифодаи ҳуши маснуӣ қарор доранд.
Норасоии нерӯи барқ на танҳо кори хадамоти умумиро ба ҳам задааст, балки аҳволи тоҷиронро ҳам дар Тоҷикистон бад кардааст.
Як гурӯҳ сокинони деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб шикоят доранд, ки садои таркиши кӯҳ ва афтодани сангпораҳо ба болои манзилҳояшон онҳоро метарсонад ва ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расондааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол ба ҳадде ҷарима ситонидаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 50 дар сад зиёдтар будааст.
Мақомоти Тоҷикистон таъриф кардаанд, ки ҳанӯз сол ба поён нарасида, ба ҳадде маблағи ҷарима ҷамъ кардаанд, ки назар ба пешбиниҳояшон бисёр зиёд аст. Ҷарима барои ҳаракати нодуруст дар роҳ, ҷарима барои баргузор кардани зиёфати пурдабдаба ва ё ҷарима барои беназорат мондани фарзанд.
Пизишкон мегӯянд, пас аз бемории ҳамагири “КОВИД-19” гирифторони диабети қанд дар Тоҷикистон бештар шудааст.
Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз теъдоди умумии ширкату соҳибкорони инфиродӣ (810 ҳазор), ки расман дар “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андоз ё молиёт сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори он аз кор мондааст.
Дар Тоҷикистон ҳазорон соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд. Баъзе муфлису варшикаста шудаанд ё баъзе аз монеаҳои зиёди расмӣ безор шудаву гуфтаанд, ки дигар на тиҷорат мекунанду на соҳибкорӣ.
Дар чанд маҳалла дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди биноҳои баландошёна дар назар аст. Баъзе аз сокинон нигарон ҳастанд, ки манбаи даромад ва корашон аз даст меравад. Аксари онҳо деҳқонӣ мекунанд.
Баъди эълони таҳрими Иттиҳоди Аврупо нисбати се бонки тиҷоратии Тоҷикистон, “Спитамен бонк”, “Душанбе ситӣ бонк” ва “Коммерсбонк” чунин ба назар мерасад, ки бонкҳои дигар аз эҳтиёт кор гирифта, барои гурез аз таҳримҳо баъзе муомилаҳоро, ки метавонанд дардисарсоз бошанд, маҳдуд кардаанд.
Бо сард шудани ҳаво ва наздик омадани зимистон гарм кардани хонаҳо дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ба масъалаи муҳим табдил мешавад. Сокинон имсол ҳам мисли солҳои пеш барқро бо маҳдудият мегиранд ва ангишту ҳезум захира мекунанд, то сарморо бидуни осеб паси сар кунанд. Аммо...
Ёфтҳои бештар