Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам ҳукм кард, ки осори тиллоии замони скифҳо, ки аз осорхонаҳои Қрим берун бурда шудаанд, ба Украина баргардонида шаванд. Намояндагони осорхонаҳои ҷойгир дар нимҷазираи Қрим, ки Русия онро аз соли 2014 ишғол кардааст, пойфишорӣ мекарданд, ки тилло бояд ба Қрим баргардад. Намоишгоҳи “Қрим – тилло ва асрори Баҳри сиёҳ” он солҳо дар Нидерланди ҷараён дошт ва аз соли 2014 баҳси атрофи мансубияти ин осор дар додгоҳҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ҳукумати Украина осори қадимаи тиллоии осорхонаҳои Қримро ба ихтиёри вазорати фарҳанги Украина ва осорхонаи таърихи Украина дод ва талаб кард, ки ин осор ба Украина баргардонида шавад.
"Тиллои скифҳо" ба Украина меравад

9
Ин осор аз мақбараи як оилаи сарватманде ошкор шудааст. Асри 1-и милодӣ

10
Санги сари мазор. Асри 1 ё 2. Скифҳо бо аспсаворӣ маъруф буданд

11
Ҳайкали ҳаюлои дудумаи обӣ. Асри 1 ё 2-и милодӣ. Онро дар қисмати юнонии шарқи Қрим дар шаҳри Пантикапей ошкор кардаанд

12
Сандуқчаи локзадашудаи чинӣ. Асри 1-и милодӣ. Ин қуттича тӯҳфа ба қабри зани скифӣ будааст
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир