Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тиллои скифҳо" ба Украина меравад

Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам ҳукм кард, ки осори тиллоии замони скифҳо, ки аз осорхонаҳои Қрим берун бурда шудаанд, ба Украина баргардонида шаванд. Намояндагони осорхонаҳои ҷойгир дар нимҷазираи Қрим, ки Русия онро аз соли 2014 ишғол кардааст, пойфишорӣ мекарданд, ки тилло бояд ба Қрим баргардад. Намоишгоҳи “Қрим – тилло ва асрори Баҳри сиёҳ” он солҳо дар Нидерланди ҷараён дошт ва аз соли 2014 баҳси атрофи мансубияти ин осор дар додгоҳҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ҳукумати Украина осори қадимаи тиллоии осорхонаҳои Қримро ба ихтиёри вазорати фарҳанги Украина ва осорхонаи таърихи Украина дод ва талаб кард, ки ин осор ба Украина баргардонида шавад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG