- Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд. Ҳоло беш аз 1800 нафари онҳо мондаанд, ки асосан маъюбони гурӯҳи як ва ду ҳастанд.