Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки сатҳи донишандӯзӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст. Дар як гузориш барномаи Рушди Созмони Миллал гуфтааст, ки Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи поин қарор дорад. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баръакс талош барои донишомӯзӣ афзоиш ёфтааст.
Хабарҳои рӯз
Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд мавсими нави ҳунарии худро бо намоишнома дар мавзӯи ҳассосе оғоз кард, ки мақомоти Тоҷикистон бо он мавзуъ хеле даргир аст. Намоишнома “Стоп террор” унвон гирифтааст. Чӣ паём дорад?
Дар Қазоқистон бештар аз 71 дар сади мардум ба тарафдории бунёди нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар қаламрави кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ раъй додааанд. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон хабар дод, ки тақрибан 8 миллион нафар гуфтаанд, ки тарафдори бунёди нерӯгоҳи атомӣ ҳастанд.
Хабарнигорони тоҷик, раҳбарони расонаҳои мустақил ва давлатӣ дар як нишасте дар Душанбе аҳволи матбуот дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд, ки ба қавли онҳо сол то сол бадтар мешавад. Дар нишасте, ки дар Душанбе сурат гирифт, гуфтанд, ки ин нақши ҳукумат аст, ки расонаҳо ҳоли хубе надоранд.
Бо гузашти як сол аз ҷанг дар Ғазза, ҷустуҷӯи ғизо ва паноҳгоҳи амн барои сокинони ин минтақа ба як кори рӯзмарра табдил ёфтааст. Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба ду миллион нафар дар Ғазза манзилҳои худро аз даст додаанд.
Ахбори Озодӣ
Мақомот дар вилояти Хатлон гузориш доданд, ки нақшаи даъват ба артиш дар ин минтақа пурра ва ҳамагӣ дар як рӯз иҷро шудааст. Онҳо эътироф мекунанд, ки чунин ҳолат бори аввал рух медиҳад. Чӣ гуна?
Нахустнамоиши филми"Ширин"-и коргардон Умедахон Турсунова Дар Душанбе доир шуд.
Муколамаи Маскав бо Толибон, дар Хатлон барномаи даъват ба артиш дар як рӯз иҷро шуд, нашри китоби Камолуддин Абдуллоев дар Озодӣ ва нахустнамоиши филми "Ширин".
Радиои Озодӣ силсилаи нигоштаҳои таърихнигори тоҷик Камолуддин Абдуллоевро дар китобе гирд овард. Ин матлабҳо аз соли 2020 то 2024 дар гӯшаи "Блогистон"-и Радиои Озодӣ нашр шуда, аз омадани арабҳову Ислом ба минтақа то рӯйдодҳои муҳими сад соли охири тоҷиконро дар бар мегиранд.
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар анбори ширкати "ОЗОН" дар Новосибирск кор мекунанд, аз тарзи бархӯрди нерӯҳои вижа ё ОМОН-и Русия шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, нерӯҳои вижа шаби 2-юми октябр ба анбор даромада, 32 муҳоҷирро бо худ бурданд.
Ёфтҳои бештар