Вазири умури дохилии Русия рӯзи 30-юми октябр гуфт, бисёре аз манотиқи кишвар боздоштгоҳҳои муносиби муваққатӣ барои хориҷиёне надоранд, ки бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Шароити яке аз онҳоро як муҳоҷири қирғиз тасвир мекунад.
Ҷанги Исроил бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сабаби бехона мондани садҳо ҳазор нафар дар ин кишвар шудааст. Мардуми бесарпаноҳро дар муассисаву иншооти гуногун ҷой мекунанд, аз ҷумла дар маконҳое, ки касе интизор надошт.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мақомоти Тоҷикистон дар як талош ҷиҳати ҷалби сармоягузор барои истихроҷи маъданҳои табиӣ аз ҷумла тиллову нуқра як форуми байналмилалӣ ташкил карданд. Дар ин форум, ки дирӯз оғоз ёфт, ба сармоягузорони хориҷӣ конҳои дастнохӯрдаеро нишон додаанд, ки мумкин аст, садҳо миллион доллар фоида биёранд.
Дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми октябр пайравони динҳои гуногун ҷамъ омаданд ва дар ин бора суҳбат карданд, ки то куҷо дар Тоҷикистон ҳаққи мардум барои расму русуми диниашон риоят мешавад.
Ҳафтаи оянда Амрико шоҳиди тағйироте хоҳад шуд, ки ба тасмимгириҳо дар дунё таъсир хоҳад гузошт. Ҳанӯз маълум нест, ки аз ду номзад ба мақоми президентӣ, ки пирӯз хоҳад шуд, вале ҳар яке барои Амрико ва муносибати ин кишвар бо ҷаҳон барномаҳои хоси худро доранд.
Радиои Озодӣ ҷузъиёти парвандаи чор корманди милисаи шаҳри Хуҷандро ба даст овард, ки ба шиканҷаи як боздоштшуда гумонбар ҳастанд. Муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ва се зердасташ ба он муттаҳам мешаванд, ки Неъмат Ашӯровро боздошт карда, дар вақти бозпурсӣ азоб додаанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
30 октябр дар кишварҳои шӯравии собиқ рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои даврони сталинӣ аст, ки 11 миллион нафар ҷабри онро кашидаанд. Ин мавзуъ дар Тоҷикистон дуруст омӯхта нашудааст, вале муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳодисаҳои 80 сол пеш имрӯз ба навъе дар Тоҷикистон такрор мешавад.
Муҳоҷирон мегӯянд, ҳамла ба хобгоҳҳо ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар Русия ба як кори маъмулии мақомоти рус табдил ёфтааст. Дар се рӯзи ахир мақомоти рус аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар додаанд.
Хабарҳои рӯз
Дар Гурҷистон, ки онҷо баҳсу даъво сари натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ идома дорад ва дар он ҳизби ҳоким пирӯзӣ ба даст овард. Аҳзоби мухолиф, ки ба порлумон ҳам роҳ ёфтанд, мегӯянд, ба натиҷаҳое, ки мақомоти интихоботӣ эълон карданд бовар надоранд.
Ёфтҳои бештар