Муҳоҷирон мегӯянд, ҳамла ба хобгоҳҳо ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар Русия ба як кори маъмулии мақомоти рус табдил ёфтааст. Дар се рӯзи ахир мақомоти рус аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар додаанд.
Хабарҳои рӯз
Дар Гурҷистон, ки онҷо баҳсу даъво сари натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ идома дорад ва дар он ҳизби ҳоким пирӯзӣ ба даст овард. Аҳзоби мухолиф, ки ба порлумон ҳам роҳ ёфтанд, мегӯянд, ба натиҷаҳое, ки мақомоти интихоботӣ эълон карданд бовар надоранд.
Пайвандони як ҷавони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз фишори намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд шикоят доранд. Волидайни Оразҷон Бобоев мегӯянд, бо вуҷуди пешниҳоди санади таҳсил, мақомот талаб доранд, ки писарашон аз Русия баргашта, ба хизмати ҳарбӣ равад.
"Комбинати металлургии тоҷик", ки бар асоси ҳуҷҷатҳо бунёдгузораш ширкати "Фароз" сабт шудааст, дар як кони ҷанҷолӣ дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ба истихроҷи мармар оғоз кардааст. Пештар ин кон дар ихтиёри ширкати "Хрустал" буд. Моликаш Ху Сюдун, шаҳрванди Чин, аст.
Ахбори Озодӣ
Як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо эътирози бозпас гирифтани боғаш, ба ниҳодҳои интизомии минтақа “Бонги хатар” задааст. Вай дар номаи хеш ба мақомот иддао кардааст, ки масъулони ҳукумати маҳаллӣ ва Кумитаи замин бар хилофи қонун боғи ӯро ба як соҳибкори дигар медиҳанд.
Ҷустуҷӯйи яке аз шаш маҳбусе, ки аз зиндони Липетски Русия фирор кардааст, идома дорад. Расонаҳои Русия рӯзи 26-уми октябр хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд. То ҳол 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Исроил гуфт, ҳамлааш дар рӯзи 26-уми октябр ба пойгоҳҳои низомии Эрон “дақиқ ва нишонрас” будааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳамла осеби назарногире ба пойгоҳҳои низомӣ расондааст ва аксари мушакҳои Исроилро раҳгирӣ кардаанд.
Дар Афғонистон чанде пеш, тундбоди сахте рӯзи мардумеро сиёҳтар кард, ки дар натиҷаи сел бехонумон шудаанд. Садҳо хонавода аз вилояти Ғӯр, ки дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд, тақрибан аз ҳамин сарпаноҳашон ҳам маҳрум шуданд. Толибон ваъда додаанд, ки дасташонро мегиранд, аммо аҳвол дигар аст.
Дар пайи ҳамла ба "Крокус" ва афзоиши фишор ба муҳоҷирон, чанде аз мақомоти баландпояи Русия масъалаи ҷорӣ кардани виза ва ё раводид бо кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ карданд. Ба бовари онҳо зодагони Осиёи Марказӣ ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд.
“Шавҳар доред? Ба наздикӣ ба шавҳар баромаданӣ нестед? Чанд фарзанд доред? Нияти боз таваллуд кардан надоред? Чунин саволҳоро занону бонувон ҳангоми ҷустуҷӯйи кор дар Тоҷикистон зиёд мешунаванд.
Ёфтҳои бештар