Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ чӣ тағйир меорад? Нигоҳҳои гуногун ба барканориҳо ва таъйиноти нав


Дар акс: Юсуф Раҳмон, Бег Сабур, Шералӣ Мирзо
Дар акс: Юсуф Раҳмон, Бег Сабур, Шералӣ Мирзо

Раҳбарони чанд ниҳоди калидӣ дар Тоҷикистон пас аз солҳои тӯлонӣ аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тағйир дода шуданд. Дар шарҳи ин хабарҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дурнамои кори ҳукумати нави Раҳмонро баррасӣ мекунанд.

Додситони кул Юсуф Раҳмон пас аз даҳ сол, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо пас аз 12 сол ва раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур пас аз 14 соли иҷрои вазифа курсиҳои худро тарк карданд. Рӯзи 23-юми январ ба ҷойи онҳо, Ҳабибулло Воҳидзода – додситони кул, Эмомалӣ Собирзода – вазири дифоъ ва Исфандиёри Саъдулло – раиси Хадамоти алоқа таъйин шуданд.

Беҳтар ё бадтар?

Тарафдоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо “устоди соҳаи хеш”, “мутахассиси варзида”, “ватандӯсту содиқ ба пешвои миллат” ном бурдаанд, вале мухолифон аз раҳбарони нави ниҳодҳои калидӣ дигаргунии вижаеро интизор нестанд.

Масрур Зокирзода, як корбари тарафдори ҳукумат, дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи додситони кул навиштааст, “кадри арзанда, кордон, ботаҷриба, сиёсатмадор ва содиқу вафодори ватан”. Вожаи “арзанда” дар робита бо номҳои дигар низ садо медиҳад.

Мухолифон мегӯянд, зери мафҳуми “кадри арзанда” шахсонеро дар назар доранд, ки дар “хидмати хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд”.

Дар акс: Ҳабибулло Воҳидзода, Исфандиёри Саъдулло, Эмомалӣ Собирзода
Дар акс: Ҳабибулло Воҳидзода, Исфандиёри Саъдулло, Эмомалӣ Собирзода

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ, мегӯяд, дар Тоҷикистон як вазир ё раҳбари идора истиқлоли тасмимгирӣ дар доираи қонунро надорад ва берун аз гуфтаи хонавода амал намекунад, аз ин рӯ, ҳеч тағйири хуберо набояд чашмдор шуд.

“Афроди нав касоне ҳастанд, ки аз дохили система берун шудаанд. Инҳо аллакай медонанд, ки чӣ бояд кард ва чӣ гуна рафтор кард, ки нафари аввал аз онҳо розӣ бошад. Дигар онҳо пойбандие ба Сарқонун ва манфиатҳои миллӣ надоранд. Раҳмон дар ҷои аввал меистад, ки худаш борҳо дар суҳбатҳояш таъкид кардааст. Чӣ тағйироти кадрие дар Тоҷикистон нашавад ҳам, вазъият баду бадтар мешавад. Аз таҷриба ҳар кадри навомада, аз гузашта бадтар амал кардааст,”—гуфт ӯ рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ.

Бег Сабур баъд аз 14 сол аз мансаб сабукдӯш шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Дар муҳите, ки солҳои дароз мансабдорон дигар намешаванд, сокинон чунин тағйирҳоро аксаран бо умеди беҳбуди вазъ ва кору зиндагии худ пайгирӣ мекунанд.

Дар 14 соли раҳбарии Шералӣ Мирзо дар Вазорати мудофиа хабарҳои зиёде аз сарбозшикор, озору азият ва маргумири сарбозон расонаӣ шуда буд. Дар замони Юсуф Раҳмон даҳҳо фаъоли ҷомеа, адвокат ва рӯзноманигорон боздошту ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Қонунҳои афв, ки дар таҳияаш ниҳоди тобеи ӯ саҳм дошт, маҳдуд буд ва ҳеч чеҳраи шинохтаи зиндониро дар бар намегирифт.

Бег Сабурро барои заиф кардани хадамоти интернетрасонӣ ва бештар ба корҳои сохтмонӣ машғул буданаш танқид мекарданд.

Як коршинос аз дохили Тоҷикистон, ки нахост номашро нависем, гуфт, “аксаран умедворанд, ки бо рафтани Бег Сабур вазъи Хадамоти алоқа беҳтар хоҳад шуд”.

“Ҳадди ақал соҳаи алоқа, ки онро Бег Сабур солҳои тӯлонӣ моли худ карда, ба ҳадди нобудӣ расонида буд, аз нав эҳё мегардад. Чун ин соҳа аз муҳимтарин василаи рушди иқтисоду илму маорифу амнияти кишварҳо шумурда мешавад, фарсудагии он дигар наметавонист боис ба ташвиши роҳбарияти олии кишвар нашавад,” -- гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд: "Фикр мекунам, он ҳама шикоятҳои бешумори на танҳо ҷомеаи шаҳрвандиву журналистӣ, балки намояндагони худи мақомоти давлатӣ ҳам, ки аз сустии интернет ва норасоиҳои соҳа ба дод омада буданд, барои гирифтани чунин як тасмими ҷиддӣ нисбат ба як нафари наздики “оила” таъсир расонидаанд. Роҳбари нави соҳа, Исфандиёри Саъдулло, мутахассиси ҳамин соҳа аст ва дарди онро медонад."

“Тасмим дар дасти як кас”

Ин коршинос хушбинӣ кард, ки Ҳабибулло Воҳидзода нисбат ба Юсуф Раҳмон нармтар аст ва эҳтимол тағйире дар парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи рӯзноманигорон ва чеҳраҳои шинохта пеш ояд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Вале Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, як созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷ аз кишвар, мегӯяд, ин тағйирот чизеро дар Тоҷикистон дигар нахоҳад кард, “чун кишвар танҳо як тасмимгиранда дорад, ки он Эмомалӣ Раҳмон аст”.

“Мо дар кишварҳои озод мушоҳида мекунем, ки пас аз тағйироти кадрӣ дигаргунӣ пеш меояд ва вазъ беҳтар мешавад. Дар Тоҷикистон ҳама арзишҳо дар атрофи як хонавода аст ва ҳеч дигаргунии хуберо набояд интизор шуд,”—гуфт ӯ.

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро созмонҳои байнулмилалӣ “хонаводагӣ” ва “диктаторӣ” меноманд. Тарафдоронаш Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” ва Тоҷикистонро як “кишвари ободу зебо ва пешрафта” медонанд.

Маъмулан ҳар сол дар Тоҷикистон дар оғози сол раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дигар мешаванд. Барномаи кори сарварони нав расман садо намедиҳад ва мардум дар таҳияву баррасии он ширкат надорад.

XS
SM
MD
LG