Ҳафтаи оянда Амрико шоҳиди тағйироте хоҳад шуд, ки ба тасмимгириҳо дар дунё таъсир хоҳад гузошт. Ҳанӯз маълум нест, ки аз ду номзад ба мақоми президентӣ, ки пирӯз хоҳад шуд, вале ҳар яке барои Амрико ва муносибати ин кишвар бо ҷаҳон барномаҳои хоси худро доранд.
Радиои Озодӣ ҷузъиёти парвандаи чор корманди милисаи шаҳри Хуҷандро ба даст овард, ки ба шиканҷаи як боздоштшуда гумонбар ҳастанд. Муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ва се зердасташ ба он муттаҳам мешаванд, ки Неъмат Ашӯровро боздошт карда, дар вақти бозпурсӣ азоб додаанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
30 октябр дар кишварҳои шӯравии собиқ рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои даврони сталинӣ аст, ки 11 миллион нафар ҷабри онро кашидаанд. Ин мавзуъ дар Тоҷикистон дуруст омӯхта нашудааст, вале муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳодисаҳои 80 сол пеш имрӯз ба навъе дар Тоҷикистон такрор мешавад.
Муҳоҷирон мегӯянд, ҳамла ба хобгоҳҳо ва боздошту азияту таҳқири онҳо дар Русия ба як кори маъмулии мақомоти рус табдил ёфтааст. Дар се рӯзи ахир мақомоти рус аз боздошти беш аз 500 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ хабар додаанд.
Хабарҳои рӯз
Дар Гурҷистон, ки онҷо баҳсу даъво сари натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ идома дорад ва дар он ҳизби ҳоким пирӯзӣ ба даст овард. Аҳзоби мухолиф, ки ба порлумон ҳам роҳ ёфтанд, мегӯянд, ба натиҷаҳое, ки мақомоти интихоботӣ эълон карданд бовар надоранд.
Пайвандони як ҷавони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз фишори намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд шикоят доранд. Волидайни Оразҷон Бобоев мегӯянд, бо вуҷуди пешниҳоди санади таҳсил, мақомот талаб доранд, ки писарашон аз Русия баргашта, ба хизмати ҳарбӣ равад.
"Комбинати металлургии тоҷик", ки бар асоси ҳуҷҷатҳо бунёдгузораш ширкати "Фароз" сабт шудааст, дар як кони ҷанҷолӣ дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ба истихроҷи мармар оғоз кардааст. Пештар ин кон дар ихтиёри ширкати "Хрустал" буд. Моликаш Ху Сюдун, шаҳрванди Чин, аст.
Ахбори Озодӣ
Як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо эътирози бозпас гирифтани боғаш, ба ниҳодҳои интизомии минтақа “Бонги хатар” задааст. Вай дар номаи хеш ба мақомот иддао кардааст, ки масъулони ҳукумати маҳаллӣ ва Кумитаи замин бар хилофи қонун боғи ӯро ба як соҳибкори дигар медиҳанд.
Ҷустуҷӯйи яке аз шаш маҳбусе, ки аз зиндони Липетски Русия фирор кардааст, идома дорад. Расонаҳои Русия рӯзи 26-уми октябр хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд. То ҳол 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Ёфтҳои бештар