Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бег Сабур баъд аз 14 сол аз мансаб сабукдӯш шуд

навшуда

Эмомалӣ Раҳмон ва Бег Сабур. Акс аз соли 2023
Эмомалӣ Раҳмон ва Бег Сабур. Акс аз соли 2023

Бег Сабур, яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез дар ҳукумат ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз 14 соли кор дар яке аз идораҳои муҳими давлатӣ аз мақомаш сабукдӯш карда шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 23-юми январ хабар дод, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қароре Бег Сабурро аз вазифаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон озод кард. Ӯ 63-сола аст ва бознишаста (нафақахӯр) шудааст.

Исфандиёри Саъдулло
Исфандиёри Саъдулло

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 23-юми январ, Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқа таъйин гардид. Ӯ 35-сола аст. Аз соли 2015 то ин дам муовини аввали раиси "Телерадиоком" буд.

Бег Сабур (Зуҳуров) аз соли 2011 раиси Хадамоти алоқа буд ва бинобар баёниҳои баҳсбарангез номи ӯ борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, соли 2012 ҳангоми нооромиҳо дар вилояти Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд, ӯ гуфта буд, “як тир тамоми алоқаро бо вилоят канд”. Бори дигар гуфта буд, "Марк Тсукерберг кӣ ҳаст, як бор биёяд бо ман гап занад.”

Бег Сабурро ҳамчунин пайваста барои суръати паст ва нархи баланди истифодаи интернет, маҳрум кардани мардум аз дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекарданд.

Бег Сабур дар баробари кори давлат ба тиҷорат низ машғул буд ва ҳамин мавзуъ борҳо сабаби интиқоди ӯ гаштааст. Дар як таҳқиқоти журналистӣ хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, ки “Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад.”

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати “Комил-2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт яке аз тиҷоратҳои Бег Сабур ва хонаводааш гуфта мешавад. Худи ӯ гуфта буд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани “шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо” дар кишвар аст.

Ӯ қудо буданашро бо раисҷумҳури Тоҷикистон пинҳон намедошт. "Қудо шудан бо президент осон нест. Худатон ҳам фикр кунед. Ин нафар бо президентҳои дунё гуфтугӯ мекунад ва имкониятҳои худро дорад. Метавонад бо тамоми нерӯву тавоноии худ таҳлил кунад. Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам," – гуфта буд ӯ дар яке аз суҳбатҳояш бо Радиои Озодӣ.

Солҳои охир бо расонаҳо сӯҳбат намекард ва ба қавли шахсони огоҳ, мақомоти баландпоя маҳз бинобар баёнияҳои ҷанҷолиаш аз ӯ хоста буданд, ки бо хабарнигорону расонаҳо рӯбарӯ нашавад.

XS
SM
MD
LG