Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи байналмилалӣ хостори судури ҳукми боздошти раҳбари Толибон шуд


Як додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Додгоҳи Гаага) дархост кард, ки ҳукми боздошти Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, содир шавад.

Карим Хон, додситони баландпояи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ рӯзи 23-юми январ гуфт, ки дархости дастури боздошти шуморе аз раҳбарони Толибон дар Афғонистон, аз ҷумла, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари онро кардааст.

Карим Хон дар дархости худ гуфтааст, ки ин афрод муттаҳам ба ҷиноят алайҳи башарият, бинобар табъизи густурда алайҳи занон ва духтарони афғон ҳастанд.

Тибқи гузориши хабаргузории "Рейтерз", дафтари Карим Хон дар баёнияе эълон кардааст, ки маълумоти ҷамъоваришуда дар ҷараёни таҳқиқот, далелҳои қонеъкунандаеро ироа мекунад, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулкарим Ҳаққонӣ, масъули "иртикоби ҷиноят алайҳи башарият ва озору озият бар асоси ҷинсият" ҳастанд.

Абдулкарим Ҳаққонӣ аз соли 2021 раиси Додгоҳи олии ҳукумати Толибон мебошад.

Ба қавли Карим Хон, ин озору азият аз 15 августи соли 2021 то имрӯз дар Афғонистон сурат гирифта ва идома дорад.

Ҳукумати Толибон то кунун ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.

Аммо Толибон пеш аз ин гузоришҳои ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башарро дар мавриди нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон рад карда ва иддао карда буданд, ки дар чаҳорчӯби шариати ислом ва расму анъанаҳои афғонӣ, ба ҳуқуқи афғонҳо арҷ мегузоранд.

Тибқи гузориши хабаргузории "Рейтерз", таҳқиқоти Афғонистон яке аз тӯлонитарин таҳқиқот аз сӯи додрасҳои Додгоҳи байналмилалии Гаага аст, ки ба таъхири қонунӣ ва амалӣ рӯбарӯ будааст. Таҳқиқоти аввалӣ дар соли 2007 оғоз шуд ва фақат дар соли 2022 буд, ки ба як таҳқиқи комил табдил шуд.

Аз замоне, ки Толибон дар соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат баргаштанд, ин гурӯҳ ҳуқуқи занонро аз ҷумла, дар бахши таҳсил, кор ва озодиҳои умумӣ, ба шиддат маҳдуд сохтанд.

Ин бори нахуст аст, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чунин тасмимеро алайҳи он идда аз раҳбарони Толибон мегирад, ки зоҳиран ба хориҷ аз Афғонистон сафар намекунанд.

Фаъолони ҳуқуқи занон ва духтарон аз ин тасмими Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол карданд ва хостори фишорҳои бештар бар Толибон шудаанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ҳам дар баёнияе дар вокуниш ба ин иқдом гуфтааст, ки ҳукуматҳо бояд аз ин ҳукми Додгоҳи байналмилалӣ ҳимоят кунанд.

Бо баргашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, донишомӯзони духтар аз таҳсил дар мактабҳои болотар аз синфи шашум маҳрум шудаанд ва дарвозаҳои донишгоҳҳо ҳам ба рӯи донишҷӯёни духтар баста шудаанд.

Занон дар Афғонистон иҷозаи рафтан ба боғҳои истироҳатӣ, ҳамомҳои умумӣ ва бошгоҳҳои варзиширо надоранд ва ҳамчунин бе маҳрам ё фарди наздикашон ба сафарҳои тӯлонӣ рафта наметавонанд.

Толибон ахиран аз мамнуияти таҳсили занон дар таълимгоҳҳои тиббӣ хабар доданд, ки вокунишҳои сахтеро ба миён овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG