Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки 25-уми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон - оғоз ёфт, барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2025”), ки рӯзҳои 21-23-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе медал монданд.
Бозии байнулмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Беларус бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби бузурги 5:0 анҷом ёфт. Ин бозӣ рӯзи 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Бозии байнулмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Беларус 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.
Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон бо бозиҳои даври ҳаждаҳум анҷом пазируфт.
Мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Ҷашни байнулмилалии Наврӯз рӯзҳои 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 21-23-юми март дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тифлис - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозиҳо муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.
Ёфтҳои бештар