Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми март доир гардиданд, панҷтоаш мусовӣ шуд ва танҳо дар як дидор тими “Равшан”-и Кӯлоб пирӯзӣ ба даст овард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзҳои 25-30-юми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон – доир шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз майдонҳои хурди деҳ то тамрин дар толори варзишӣ ва майдондорӣ дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ. Даҳҳо дастпарвари мактаби Устопириён то ҳол дар мусобиқаҳои гуногуни кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойҳои намоёнро гирифтаанд.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «Н» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин рақобат мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 29-уми июн то 5-уми июл дар Душанбе баргузор мешаванд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки 25-уми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон - оғоз ёфт, барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2025”), ки рӯзҳои 21-23-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе медал монданд.
Ёфтҳои бештар