"Ҳар хонандаро маҷбур доранд, ки 150 сомонӣ супор. Ин чӣ аст, мо намедонем ва имкони супоридани пулро ҳам надорем." Сафархон, сокини шаҳри Кӯлоб ва падари чанд мактабхон, бо баёни ин ҷумлаҳо дар бораи пулситонӣ барои барномаи "eKhonish" дар мактабҳо ба Радиои Озодӣ шикоят кард.
"eKhonish", пойгоҳе барои рақамӣ кардани бахши маориф аст, ки дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст. Ин барнома барои ҳамгироии волидон бо мактаб, назорати ҳузур ва сифати дониши мактабхонҳо сохта шудааст. Аммо пулакӣ будани барнома дар вилоят шикояти баъзе волидонро ба бор овардааст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ду моҳ пеш пулакӣ будани барномаро дар вилояти Хатлон тасдиқ карда, вале гуфта буд, дастур шудааст, ки сарчашмаҳои изофии маблағгузории барнома ҳам бояд ёфта шавад.
"Дар ҳақиқат, дар вилояти Хатлон барномаи “eKhonish” доранд. Дар 11 соли таҳсил хонанда ҳар сол 13 сомонӣ барои як солаш месупорад," – гуфт Саидзода.
Роҳандозии барномаи "eKhonish" дар мактабҳои вилояти Хатлон бо қарори раиси ин вилоят таъйид шуда, барои он се манбаи маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст: мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шарикони рушд ва саҳми волидон.
Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи Хатлон, рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, татбиқи ин барнома серхарҷ аст ва шикояти волидон ба онҳо ҳам расидааст, аммо супурдани маблағ ихтиёрӣ ҳаст, на маҷбурӣ.
“150 сомонӣ маҷбурӣ нест. Инчунин, хонаводае, ки аз 3 хонанда бештар дошта бошад, танҳо барои 3 кас маблағ месупорад, боқӣ аз пардохти ин пул озоданд. Оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки маъюбу беморӣ доранд, озоданд. Мо ба падару модарон гуфтем, ки касе маҷбур мекунад ё қоидаҳоро риоя намекунад, ба мо муроҷиат кунанд,” – гуфт Абдуллозода.
Сарфи назар аз таъкиди сардори Раёсати маорифи Хатлон ба маҷбурӣ набудани маблағ барои истифодаи барнома, яке аз корбарони Радиои Озодӣ дар Ютуб шикоят кардааст, ки “омӯзгорон аз фарзандонамон яксаду панҷоҳ сомонӣ талаб карда истодаанд. Аз даҳу бисту сиву чилу панҷоҳ яку якбора ба яксаду панҷоҳ сомонӣ расиданд”.
Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф низ дар нашасти хабарӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагонро хилофи қонун номид. “Мувофиқи тағйиру иловаҳои охире, ки дар қонуни масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ворид шуд, ин чиз бисёр ҷиддӣ зикр шудааст. Дар ягон шакл, дар ягон намуд мумкин нест”, -- таъкид кард Зокирзода.
"Ekhonish" дар асоси Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи он ба асри диҷитол ё рақамӣ омода кардани мактабхонҳо ва ба раванди таълим ҷалб кардани волидон гуфта мешавад.
Ин барнома аз сӯйи созмони иҷтимоии "Ҷуръат" сохта шудаст. Дар барнома ҷадвали электронии дарсҳо, бахши робита бо омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарсу вазифаи хонагӣ, баҳоҳо, ҳузур, дараҷаи донишу пешрафти хонанда, муқоиса ва маълумоти дигари барои мактаб ва падару модар ҷолиб ҳамарӯза ҷой дода мешавад.
Барнома ба таври бархат (онлайн) кор мекунад, ки волидон ба василаи гузарвожа (парол) вориди он шуда, имкони назорати фосилавии фарзандони худро пайдо мекунанд. Аз ҷумла, ҳар вақт, ки донишомӯз ба мактаб ворид шуд, барнома ба таври худкор ба падару модар паём мефиристад, ки фарзанди шумо вориди мактаб шуд ё аз мактаб берун рафт.
Дар мактбаҳои шаҳри Душанбе барномаи ба ин монанд бо номи eDonish чанд сол аст, ки роҳандозӣ шудааст. Аммо ба фарқ аз вилояти Хатлон дар Душанбе истифодаи ин пойгоҳ пурра ройгон аст.