Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар 25 бозигар (4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар) шомиланд, ки 13 нафарашон легионер мебошанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиён», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Салоҳиддин Эргашев («Арсенал», Беларус), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Далер Шарипов («Шуртан», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, омодагиро ба бозиҳо муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ рӯзи якшанбеи 16-уми март, пас аз анҷоми даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, оғоз кард.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Беларус 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Нархи билети тамошои ин бозӣ 20 сомонӣ мебошад.
Бозӣ бо мунтахаби Беларус барои тими миллии Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад, ки 25-уми март дар Душанбе доир мегардад.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунад.
Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари FIFA Санҷар Шоҳюсупов ва Акмал Ғиёсов кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари FIFA Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон вогузор шудааст.
Мунтахаби Беларус бошад, бо роҳбарии Карлос Алос Феррери испанӣ, ки аз моҳи августи соли 2023 вазифаи сармураббии дастаро ба зимма дорад, ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 омодагӣ мебинад.
Футболбозони беларус дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Юнон ва Шотландия рақобат мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Беларус 5-уми сентябри соли равон дар меҳмонӣ бо тими миллии Юнон доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Беларус бо 1226,31 имтиёз дар ҷойи 98-ум ва Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор доранд.