"Набояд аз даҳ ҳазор киловат соат дар як моҳ бештар бошад." Ин маҳдудиятест, ки мақомоти Тоҷикистон барои сокинон дар истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ кардаанд. Агар касе ин меъёрро риоя накард, арзиши нерӯи барқ барояш боло хоҳад рафт.
"Ин таърифа аз Кумитаи зиддиинҳисорӣ вобаста аст. Дар қарори ҳукумат гуфта шудааст, муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ ҳисоб карда мешавад," – гуфт Муҳаммад Ғуломзода, як масъули Шабакаҳои тақсими барқ.
Қарори ҳукумат соле пеш қабул шудаву аллакай ба иҷро даромадааст.
То ин вақт то 250 нафареро номнавис кардаанд, ки дар як моҳ беш аз даҳ ҳазор киловат соат нерӯи барқ истифода мебаранд.
Радиои Озодӣ баъзе аз онҳоро пайдо кард, аммо онҳо нахостанд дар рӯ ба рӯи дурбин суҳбат кунанд.
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода сабаби тасмимро пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ номид.
Ӯ гуфт: "Барои як оила се-чор ҳазор киловат соат дар як моҳ басанда аст. 10 ҳазор киловат соат ин нишондиҳандаи он аст, ки ягон истифодабарии дигаре ҳаст. Аз ин меъёр боло ҳатман бояд бозбинӣ карда шавад ва вобаста ба ҳамин талаботи мазкур ҷорӣ карда шудааст."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар ҳоле ки сокинон ибрози назар намекунанд, иқтисоддон Фозилҷон Фаттулоев чунин меъёрро дар низоми ҳозираи энергетикии Тоҷикистон ба нафъи кор надонист.
"Агар низоми энергетикии Аврупо дар мо ҳам ҷорӣ мешуд, дар ин ҳолат чунин “лимит” кори беҳтарин мешуд. Аз сабаби он ки тақсими барқ дар мо ба тариқи рақамӣ ё ҳушманд нест, системаи смартгрип пурра ҷорӣ нашудааст. Дар аксарият, 90 дарсади системаҳо ингуна шароит барои Тоҷикистон хандаовар ҳаст гӯем ҳам, хато намекунем," – афзуд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон тақрибан 36 дирам аст. Мактабу корхонаҳо аз ин бештар месупоранд – аз 40 то 80 дирам, вале ширкатҳои азиму ангуштшуморе чун "Талко" камтар.
Талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба нерӯи барқ дар сол 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол ва ба арзиши зиёда аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷа барқ содир кардааст.