FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар вебсайташ рӯйхати ғолибони The Best 2024 (Беҳтаринҳои сол)-ро нашр кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бори панҷум президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар (КМОТ) интихоб гардид.
Доробшоҳ Наботов, размикори тоҷик дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА), рӯзи 14-уми декабр дар мусобиқаи ZFN (Zombie Fight Night)-2, ки дар шаҳри Кояни Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, дар вазни сабук аз намояндаи Бразилия Матеус Камило шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳодҷон Холбеков дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Ҷидда бо тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом дод.
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) нақшаи мусобиқаҳои соли 2025-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 7-уми март оғоз меёбад.
Варзишгарони тоҷик дар дуюмин мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, 11 медал (3 нишони нуқра ва 8 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Гроссмейстери байнулмилалӣ Гукеш Доммараҷу аз Ҳиндустон дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон дар Сингапур бар Динг Лирен аз Чин пирӯз шуд.
Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон бо бозии даври 22-юми Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб ба анҷом расид.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, панҷ медал (як тило, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ду варзишгари тоҷик – Акмал Убайдов ва Парвиз Каримов – дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Чиангмайи Тайланд ҷараён дорад, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 9-уми декабр дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.
Ёфтҳои бештар