"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд.
Дар шаш моҳ барои соҳибӣ ба беш аз 5 ҳазор мансабу ҷойи холии кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон озмун эълон карда, вале дархости кам гирифтаанд. Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ ҳузури ками довталабонро ба "шартҳои душвор" пайванд дод. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров "маоши кам"-ро сабаби асосӣ донист.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи нархи гарону сифати бади интернет дар кишварро ғайривоқеӣ хонд.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли ахир бисёр пешрафт кард, аммо мумкин аст, суръати рушди он ба иллати кашмакашҳо дар ҷаҳон ва сахт шудани сиёсати муҳоҷирпазирӣ дар Русия суст шавад.
Хурсандӣ аз фаровонии ҳосил ва нигаронӣ аз камхаридории тарбуз. Кишоварзон дар Хатлон шикоят доранд, ки ба иллати камии харидор ҳосили фаровони тарбузро талаф медиҳанд.
Як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дороии Шаҳриёр Назриев, сардори Бюрои Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ошкор кардааст.
Тоҷирони Чин дар Душанбе эълон кардаанд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон 6 милллиард сомонӣ (беш аз 584 миллион доллар) сармоягузорӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳафт сол қабл– соли 2016 дар назди худ ҳадаф гузошт, ки то соли 2030 барои мардум зиндагии шоистаеро фароҳам мекунад.
Сарфи назар аз фаро расидани гармӣ дар Тоҷикистон, сокинон аз гаронии нархи мева шикоят доранд.
Дастгоҳҳои фарсудаву бозмонда аз Шӯравии собиқ, ки то соли 2005 аз қаъри замин дар ноҳияи Балҷувон нафт мекашиданд, акнун барои баровардани об истифода мешаванд.
Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ кардааст.
Ёфтҳои бештар