Дар чанд ҷумла
Ширкати озарӣ парвозҳо ба Русияро барои муддате боздоштааст
Ширкати “Azerbaijan Airlines" ки ҳавопаймояш дар Қазоқистон суқут кард, рӯзи 28-уми декабр аз манъи парвоз ба 7 шаҳри Русия хабар дод. Ба навиштаи РБК маҳдудият дар парвоз ба шаҳру минтақаҳои Минералные Води, Сочи, Волгоград, Уфа, Самара, Грозний ва Махачкалъа рабт хоҳад дошт. Масъулини ширкат гуфтаанд, тасмими мазкур “натиҷаи таҳқиқи пешаки”- и суқути ҳавопаймои Embraer-190 ва хатарҳои эҳтимолӣ барои парвоз гирифта шудааст.
Рӯзи 25-уми декабр ҳавопаймои Azerbaijan Airlines дар Қазоқистон суқут кард ва дар натиҷа 38 мусофири он ба ҳалокат расиданд. Бино ба навиштаи расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории “Ройтерс”дар пайи зарбаи низоми зиддаҳавоии Русия суқут кардааст.
Аз ин пеш ба далели хатари бесарнишинҳо, фурудгоҳҳои Маскав, Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский муваққатан баста шуда буданд. 26- уми декабр ширкати миллии ҳавопаймоии "ЭлАл"и Исроил "ба далели ҳодисаҳо дар фазои Русия" парвозҳо ба Маскавро барои як ҳафта қатъ кард. Ширкати қазоқистонии Qazaq Air ҳам то 27-уми январ парвозҳоро дар хатсайри Остона-Екатеринбург боздоштааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Туркия
Пулиси Туркия Фирӯз Бобоев, фаъоли "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро дар ин кишвар дастгир кардааст.
Намояндагони созмон рӯзи 5-уми феврал гуфтанд, Бобоев аз соли 2016 дар Туркия "паноҳҷӯст", вале "бори дувум боздошт мешавад".
"Ин дафъа 21-уми январ дастгир шуд ва дар ҳолати истирдод қарор дорад," -- гуфта шудааст дар эъломияи “Гурӯҳи 24”. Фаъолияти созмон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст.
Намояндагонаш рӯзи чоршанбе гуфтанд, Фирӯз Бобоев бори аввал моҳи августи соли 2024 "бо дархости Тоҷикистон боздошт ва моҳи октябр раҳо гардид".
“Гурӯҳи 24” аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ хостааст, ба озодии Фирӯз Бобоев дар Туркия мадад кунанд: "Аз рӯйи таҷриба, Туркия ҷойи озодандешон нест. Ҳар дақиқа имкон дорад, Бобоевро ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кунанд."
Даъвои мақомоти Тоҷикистон алайҳи Фирӯз Бобоев ба мо маълум нест.
“Гурӯҳи 24” низ ҷузъиёти иттиҳомро ошкор накардааст, аммо фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст ва то кунун даҳҳо нафар барои пайравӣ аз он дастгиру зиндонӣ шудаанд.
Бори охир дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, намояндаи баландпояи ин созмон, дар Истанбул нопадид ва дертар дар Тоҷикистон мутаносибан ба сӣ ва бист сол зиндон маҳкум карда шуданд.
Вакили рус хостааст, аз пули муҳоҷирон "ҳақ" гирифта шавад
Дар як кӯшиши дигар барои сахт кардани рӯзгори муҳоҷирони корӣ дар Русия баъзе аз вакилони рус пешниҳод доранд, ки аз пули интиқолии онҳо ҳақ ё боҷ ситонида шавад.
Сергей Миронов, раиси ҳазби “Русияи одил”, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, тарҳи қонунеро дар ин бора ба Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад.
Ба қавли ӯ, азбаски коргарони хориҷӣ бе супурдани молиёте аз Русия ба ватани худ пул мефиристанд, буҷаи Русия зиён мебинад.
Ӯ афзудааст, агар аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон 3-дарсадӣ боҷ ситонанд, пули зиёде ба буҷаи Русия ворид мешавад.
Сергей Миронов мисол овардааст, ки соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон ба ватани худ зиёда аз 14 миллиард доллар фиристодаанд ва агар аз ин пул 3-дарсадӣ ҳақ меситонданд, ба буҷаи Русия 45 миллиард рубл ворид мешуд.
Вакили муҳоҷирситези рус чизе дар бораи Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дорад ва солона ба хешовандони худ садҳо миллион доллар мефиристанд.
Зеленский гуфт, барои суҳбат бо Путин омода аст
Раисҷумҳури Украина гуфт, барои поён додан ба ҷанг дар кишвараш омода аст, бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбат кунад.
Аммо Владимир Зеленский таъкид кард, ин корро танҳо дар сурате анҷом медиҳад, ки ин ягона роҳи таъмини сулҳ дар Украина бошад.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори бритониёӣ рӯзи 4-уми феврал гуфт: "Агар фикр кунанд, ки мушкилоти ҷанг бояд тавассути дипломатия ҳал шавад, мо омодаем, аммо Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Украина ва Русия бояд ҳама дар ин музокирот ҳузур дошта ошанд."
Зеленский ҳамчунин аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия ҳушдор дод ва ҳамзамон пурсид, ки барои кафолати амният дар Украина ба таслиҳоти ҳастаӣ ниёзе ҳаст ё на.
Human Rights Watch ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум кард
Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳукми хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимоваро қотеона маҳкум кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро, ки ду фарзанди хурдсол дорад, рӯзи 5-уми феврал ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Пештар додситон барояш 17 сол зиндон хоста буд. Худаш иттиҳоми “хиёнат ба давлат”-ро напазируфтааст.
Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch дар масоили Осиёи Марказӣ, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мутаассифона, дар Тоҷикистон муддатҳои дароз аст, ки хабарнигорон, блогерҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ барои баёни андешаи интиқодӣ таъқиб мешаванд. Рухшона журналисти нуҳум аст, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст.”
Ҳашт нафари дигар – Улфатхоним Мамадшоева, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Аҳмади Иброҳим мебошанд.
“Парвандаҳои аксари онҳо паси дарҳои баста ва таҳти мӯҳри махфӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин рӯ , мешавад гуфт, ки бо чунин муносибат ба парвандаҳо ба муҳокимаҳои одилонаи додгоҳӣ аслан умедвор буда намешавад”, -- гуфт Султоналиева.
Ин намояндаи Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.
“Ҳамаи журналистони маҳкумшударо озод карда, барояшон бозбинии одилонаи парвандаро фароҳам биоранд. Ҳатто агар мақомот дар Тоҷикистон ба гунаҳкор будани онҳо далели боварбахш дошта бошанд,” – хулоса кард ӯ.
Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Девони Имомати Исмолия
Раисҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони чорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ибрози ҳамдардӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Девони Имомати Исмолия навишт, "шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст."
"Вобаста ба ин, мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям," – афзудааст ӯ рӯзи 5-уми феврал.
Шоҳзода Карим Оқохони чорум рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. Ӯ 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Бори охир дар моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омадааст. Дар соли 2022 ду бор дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронии худро баён дошта буд.
Оқохони чор рӯзи 13-уми декабри соли 1936 дар Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, замони кӯдакиро дар Кения гузарондааст. Сипас 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард шуд. Дар 21-солагӣ, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Номи ҷойнишини ӯ ҳанӯз эълон нашудааст.
Додгоҳи олӣ ҳукми гумонбарон дар парвандаи "табаддулот"-ро эълон кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.
Тибқи иттилои бадастомада, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 27 сол зиндон маҳкум шудааст. Бар асоси қарори додгоҳ, амволи Зарифӣ мусодира мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили порлумон ҳам 27 сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва бо қарори додгоҳ амволаш мусодира мешавад.
Додгоҳ ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ-ро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам 18 зиндонӣ шудааст.
Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ба 18 сол зиндон ва мусодираи як қисмати амвол, маҳкум шудааст.
Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 18 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ барои 17 сол равонаи зиндон шуд.
Додгоҳ Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷикро ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимовро ба 8 сол зиндон маҳкум кардааст.
Вокуниши ин нафарон ба ҳукми додгоҳ феълан маълум нест. Чеҳраҳои шинохта дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки онҳоро озод кунанд.
Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон, масъули таҳқиқи парванда, бар рӯйи он муҳри махфӣ зада, ба хабарнигорон маълумот намедиҳад. Аммо ин ниҳод рӯзи 14-уми июни соли 2024, баъд аз боздошти вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, гуфта буд, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон тӯли чанд сол омода шудааст.
Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Ғазза кӯч банданд
Президенти Амрико Доналд Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Навори Ғазза барои ҳамеша ин борикаро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч банданд.
Трамп рӯзи 4-уми феврал дар Кохи Сафед ва дар ҳузури Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, Навори Ғаззаро “макони тахрибмешуда” ном бурд.
Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс", телевизиони CNN ва дигар расонаҳо хабар додаанд. Ба гузориши расонаҳо, вақте раиси ҷумҳури Амрико аз кӯчондани сокинони Ғазза суҳбат мекард, Бенямин Нетаняҳу табассум мекард.
Доналд Трамп бори дигар аз Урдун, Миср ва дигар кишварҳои арабӣ хост, ки сокинони Ғаззаро қабул кунанд, чун ба гуфтаи президенти Амрико бошандагони ин борика ба ҷуз тарки хонаҳояшон, дигар интихобе надоранд.
Қаблан кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Миср ва Урдун қабули сокинони Ғаззаро рад карда, гуфта буданд, ки онҳо бояд дар хонаҳояшон бимонанд.
Таблиғоти номзадҳо ба курсии вакилӣ ҳафтаи оянда оғоз мешавад
Намояндагони Комиссияи марказии интихобот мегӯянд, то рӯзи 9-уми феврал сабти номзадҳо барои вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба анҷом мерасад.
Ду намояндаи Комиссияи интихобот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан номзадҳо ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карданд ва дар асноди баъзе онҳо камбудҳое ҳаст, ки бояд ислоҳ шаванд.
Дар Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, то охири ҳафтаи равон ба номзадҳои сабтшуда шаҳодатнома медиҳанд ва баъд онҳо ҳақ доранд таблиғоти худро оғоз кунанд.
Қарор аст интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март имсол баргузор шавад. Аз 7 ҳизби сиёсии расман сабтшуда дар кишвар, намояндагони 6 ҳизб номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, дар интихобот ширкат намекунад.
Интихоботҳои порлумонӣ дар Тоҷикистон ҳар 5 сол баргузор мешаванд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони САҲА, ки ҳашт интихоботро дар Тоҷикистон назорат кардааст, чанде пеш гуфт, ин корзорҳои муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.
Як ҳайати СММ: Қатли асирони украинӣ аз сӯи Русия афзудааст
Ҳайати Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Украина эълон кард, ки дар моҳҳои охир шумори эъдоми асирони украинӣ аз сӯи Русия "дар ҳадди нигаронкунанда" афзоиш ёфтааст.
Ин ҳайат рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, аз охири моҳи августи соли 2024 то кунун дар 24 гузориши алоҳида хабари эъдоми 79 асири украиниро дарёфт кардааст.
Тибқи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, эъдоми асирони ҷангӣ ва захмиҳо ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад.
Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар идомаи баёнияи худ афзуд, "бисёре аз сарбозони украинӣ, ки худро таслим карда ё ба асорати артиши Русия даромадаанд, дар маҳал эъдом шудаанд. Далелҳои пешниҳодшуда аз сӯи шоҳидон низ аз кушта шудани сарбозони захмии украинӣ ҳикоят мекунад".
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бояд ба ҷиноятҳои Русия вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин), навишт, "эъдоми ваҳшатноки асирони украинӣ тавассути Русия нишон медиҳад, ки Украина бо як ҳаюлои воқеӣ рӯбарӯст. Мо ба абзорҳои қонунии байнулмалилии муассир ва чораҳои мушаххас барои муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо ниёз дорем."
Вазорати дифои Русия ҳозир нашудааст ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух диҳад.
Ҳайати дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Украина дар таҳқиқоти худ аксу видеоро аз саҳнаҳои эъдом ва ҷасади асирони украинӣ таҳлил ва бо шоҳидони айнӣ мусоҳибаҳои дақиқ ва муфассал анҷом додааст. Ин ҳайат хотирнишон кард, ки эъдомҳо дар минтақаҳое, ки артиши Русия дар ҳоли пешравӣ аст, рӯй додаанд.
Даниелле Белл, раиси ҳайат гуфт, "шуморе аз фармондеҳони артиши Русия бо сароҳат хостори бархӯрдҳои ғайриинсонӣ ва ҳатто эъдоми асирони украинӣ шудаанд.
Ин ҳайат дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуд, ки эъдоми сарбозони захмӣ ва маъюби Русия тавассути артиши Украина дар соли 2024-ро мустанад кардааст, вале ҷузъиёти бештаре ироа накард. Дафтари Додситонии кулли Украина низ эълон кард, ки таҳқиқот дар мавриди эъдоми даҳҳо низомии ин кишвар тавассути артиши Русияро оғоз кардааст.
Боздошти дигарбораи Амриддин Холмуродов дар Словакия
Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дигарбора дар Словакия дастгир кардаанд.
Ӯ бештар аз як ҳафта боз дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе аст, вале мегӯяд, сабабашро намедонад.
Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо карда буд.
"Вақте ҳуҷҷатҳоро дубора барои гирифтани паноҳандагӣ пешниҳод кардам, пулис боздошт кард," - гуфт вай рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ.
Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, аз додгоҳ хостааст, ӯро ҳарчи зуд раҳо кунад.
"Намояндагони додгоҳ навиштанд, ки агар дар чанд рӯзи оянда шикояте аз пулис нарасад, озод карда мешавад. Мо талош дорем, вайро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода нашавад," – мегӯяд Райтакова.
Амриддин Холмуродовро бори аввал дар моҳи феврали соли 2022, ҳангоми гузаштан аз сарҳади Украина ба Словакия, бо дархости Душанбе дастгир карданд.
Баъди тақрибан ду сол, дар моҳи январи соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт ва ба Словакия фиристода шуд.
Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.
Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.
Исломиддин Файзалӣ, намояндаи пешини ҲНИТ, аз зиндон озод шудааст
Як узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.
Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд.
Аз он вақт то ҳоло ҷузъиёти парванда ва ҳукмаш дастрас нест.
Ба иттилои Саидисҳоқ Бобоев, яке аз хешовандони Исломиддин Файзалӣ, “ӯ рӯзи якуми феврал аз маҳбаси “Якум Советский” дар Душанбе раҳо шуд.”
“Тибқи қонуни афв муҳлати ҷазояшро як сол кам карда буданд,” – афзуд ӯ.
Саидисҳоқ Бобоев дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, хонаводаи Исломиддин Файзалӣ “аз озодии ӯ хушҳоланд”, вале аз суҳбати бештар дар бораи қазияаш парҳез мекунанд. Биноан, то ҳол дақиқ нест, ки ӯ қариб панҷ солро бо чӣ гуноҳе дар зиндон гузаронд
"Танҳо ҳамин нукта маълум аст, ки мақомоти амниятӣ мехостанд, ӯ дар филми "Хиёнат" алайҳи раҳбарони ҲНИТ сухан гӯяд. Чун розӣ намешавад, боздошту ҳабс кардаанд," – илова кард Саидисҳоқ Бобоев.
Исломиддин Файзалии 63-сола дар гузашта узви Раёсати олӣ ва узви Академияи исломии ҲНИТ буд. Ӯро дар моҳи августи 2020 аз хонааш дастгир ва моҳи октябри ҳамон сол ба зиндон андохтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши “табаддулот”-и моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард. Бархе аз онҳо дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иттиҳомҳоро беасос меноманд.
Чин ба молҳои Амрико то 15 дарсад боҷ ҷорӣ кард
Чин ба молҳои воридӣ аз Иёлоти Муттаҳида боҷи ҷавобӣ ҷорӣ кардааст. Барои ангишту гази моеъ – 15 дарсад ва нафти хому мошинҳои кишоварзӣ – 10 дарсад.
Дар ин бора Associated Press гузориш дод.
Вазорати молияи Чин гуфт, таърифа ё боҷ алайҳи молҳои воридӣ аз Амрико рӯзи 10-уми феврал ба иҷро хоҳад даромад.
Пекин назоратро ба содироти маъданҳои муҳиме чун волфрам, теллур, висмут, молибден ва индий низ сахттар мекунад. Иёлоти Муттаҳида аксари ин маъданҳоро барои амнияти иқтисодӣ ва миллияш муҳим мешуморад.
Илова бар ин, Чин гуфтааст, кори ширкати амрикоии Google-ро дар бозори ин кишвар месанҷад.
Пекин алайҳи ду ширкати амрикоӣ – PVH Group (соҳиби брендҳои Calvin Klein ва Tommy Hilfiger) ва Illumina таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Амрико барои маҳсулоти воридӣ аз Чин даҳ дарсад боҷ меситонад. Ин қарор аз 4-уми феврал ба иҷро даромад.
Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амният шуд
Юсуф Раҳмон сездаҳ рӯз пас аз барканорӣ аз мақоми Додситони кул, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми феврал тайи фармоне Юсуф Раҳмонро дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин кард. Юсуф Раҳмон рӯзи 23-юми январи имсол, аз мақомаш барканор шуда буд.
Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шуд, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) кор мекард.
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал қарори барканории Юсуф Раҳмонро аз мақоми Додситони кулл ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзодаро тасдиқ кард.
Юсуф Раҳмон аз соли 2015 Додситони кул ё Прокурори генералии Тоҷикистон буд. Тибқи қонун даҳ сол (ду давраи панҷсолӣ) ҳаққи кор дар ин вазифаро дошт.
Боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани даҳҳо фаъолу хабарнигорро ҳосили даҳсолаи кори Юсуф Раҳмон дар Додситонии кул медонанд.
Боздошти як сокини Ваҳдат барои ба "ғуломӣ" гирифтор кардани муҳоҷирон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки муҳоҷиронро ба Арманистон бурда, ба ғуломӣ гирифтор кардааст.
Дар иттилои Вазорат бидуни ном бурдан аз ин мард танҳо омадааст, ки ӯ 63- сола ва сокини шаҳри Ваҳдат аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард ҳамроҳ бо як сокини Қубодиён ва ҳам шаҳрванди Арманистон бо номи Бабаян Колия, моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта ҳадди ақал 9 нафарро бо ваъдаи кор ба Арманистон бурдаанд.
Вале ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷиронро дар Арманистон "ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд".
Назари боздоштшудаҳо ва ҳам ҷузъиёти бештари қазия маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои ин кор нисбати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Бабаян Колия, шаҳрванди Арманистон, бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ба ғуломӣ гирифтор мешаванд. Намунаи ахираш даҳ муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки моҳи декабри соли гузашта баъди се моҳ кор дар шароити сахт озод шуданд.
Ин муҳоҷиронро бо ваъдаи кор ба як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия бурда, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мефармуданд. Баъди гузориши "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ, мақомот онҳоро наҷот доданд.
Ҳукумат барои "Роғун" боз 150 млн сомонӣ ҷудо кард
Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" 150 миллион сомонӣ ё қариб 14 миллион доллар ҷудо кардааст.
Ин маблағ аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ, дода мешавад.
Қарори ҳукумат дар бораи ҷудо кардани маблағ барои "Роғун" 22-юми январ содир шуда, Радиои Озодӣ 4-уми феврал бо муҳтавои он шинос шуд.
Ҳукумат роҳбарони неругоҳи “Роғун”-ро вазифадор кардааст, ки дар бораи чигуна харҷ кардани 150 миллион сомонӣ, ба Вазорати молия гузориш диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт аз буҷаи кишвар барои нерӯгоҳи “Роғун” миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Аммо мақомот гуфтаанд, барои идомаи сохтмони он сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд.
Неругоҳи “Роғун”, ки мақомот онро барои кишвар масъалаи “ҳаёту мамот” меноманд, солҳост, ки идома дорад. То ҳол ду чархаи неругоҳ фаъол шуда, ба гуфтаи мақомот чархаи сеюм имсол ба кор медарояд.
Киев нақшаи Амрикоро барои "тарсондан"-и Путин нокофӣ хонд
Киев нақшаи Вашингтонро барои сулҳ "ноком" номид ва гуфт, ки талоши Амрико барои оташбас ва интихобот дар Украина барои "тарсондан"-и президенти Русия Владимир Путин кофӣ нест.
Фиристодаи вижаи Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия рӯзи 2-юми феврал ҳушдор дод, ки агар ҳарду тараф ба ҳалли ҷанг умед доранд, бояд гузашт кунанд.
Кит Келлог гуфт, "эҳтимол дар ояндаи наздик бо ҳама суҳбат хоҳем кард. Ва ин барои ҳарду ҷониб хуб аст."
Келлог дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфт, Вашингтон мехоҳад, Украина интихоботро то охири соли ҷорӣ баргузор кунад, бахусус, агар созиши оташбас барои қатъи ҷанг ҳосил шавад.
Дмитро Литвин, ёвари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, “ба ҷуз чанд иқтибос дар бораи интихобот, мусоҳибаи пурраи ҷаноби Келлогро надидем. Аз ин рӯ, баҳо додан ба мавқеи ӯ душвор аст."
"Аммо агар нақшааш фақат оташбас ва интихобот бошад, як тарҳи ноком аст. Путин аз ин ду чиз наметарсад", -- гуфт ӯ рӯзи 2-юми феврал ба Reuters.
Теъдоди муҳоҷирони беҳуҷҷатро дар Русия эълон карданд
Мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони беҳуҷҷатро дар ин кишвар 670 ҳазор кас ҳисоб кардаанд.
Дар ин бора Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, дар мусоҳиба бо нашрияи "Комсомолская правда" хабар дод.
Ба қавли мансабдори рус, беш аз нисфи ин афрод занону кӯдакон ҳастанд.
Ӯ ёдовар шудааст, ки муҳоҷирони бесанад то 30-юми апрели имсол имкон доранд, будубоши худро дар Русия расмӣ кунанд.
780 доллар барои ҳар метр. Афзоиши нархи хона дар Душанбе
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аз афзоиши нархи хона дар Тоҷикистон, бавижа дар шаҳри Душанбе, хабар дод.
Низом Мирзозода гуфт, ҳоло арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико (8470 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Ба қавли ӯ, нархи хона гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои бинокор ва талаботи бозор вобаста аст.
"Нарх дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Вобаста аз хараҷоте, ки соҳибкор мекунад. Имрӯз ба ҳисоби миёна 705 доллари Амрико дар сатҳи ҷумҳурӣ, 780 доллар дар Душанбе аст," – гуфт Низом Мирзозода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ.
Раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ соле пеш гуфта буд, ки як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст.
Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Ҳушдори Трамп дар бораи ҷорӣ кардани боҷ ба молҳои ИА ва Бритониё
Президенти Амрико гуфт, дар пайи ҷорӣ кардани таърифа (боҷ, молиёт) ба молҳои воридотӣ аз Канада, Мексика ва Чин эҳтимол сокинони Иёлоти Муттаҳида “дарде” кашанд, “вале он арзишашро дорад”.
Амрико барои маҳсулоти воридӣ аз Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Аз Мексикаву Канада 25 дарсад ва аз Чин 10 дарсад.
Доналд Трамп аз ҷанги васеи тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамкоре ба мисли Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё низ ҳушдор дод.
Ӯ, аз ҷумла, дар як изҳороташ дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзи 2-юми феврал навишт: “Кадом дарде эҳсос хоҳад шуд? Бале, шояд (ва шояд ҳам не!). “Вале ин арзишашро дорад.”
Трамп гуфт, 3-юми феврал бо раҳбарони Канада ва Мексика дар мавзӯи пардохтҳо суҳбат мекунад. Ин чиз, ба бовари мутахассисон, метавонад ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ гузорад.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, таърифаҳо ба маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо “ҳатман” ва “базудӣ” ҷорӣ мешаванд. Ӯ инчунин ишора кард, ки ин чиз ба Бритониё ҳам таъсир хоҳад кард.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 2-юми феврал гуфт, дар сурати ҷорӣ кардани таърифаҳо ҳатман посух хоҳад дод, ҳарчанд изҳори боварӣ кардааст, ки аз сар задани ҷанги тиҷоратӣ пешгирӣ хоҳад шуд.
Маҷлиси Миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон ва Шоҳиён "ҳа" гуфт
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал, бо гузашти қариб ду ҳафта, пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби додситони кул (прокурори генералӣ) пазируфт.
Ӯ 59-сола аст ва даҳ сол дар ин мақом кор кард.
Дар фармони президент аз 23-юми январ гуфта шудааст, ки Юсуф Раҳмон "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҷойи нави кораш ҳанӯз маълум нест.
Аъзои Маҷлиси Миллӣ рӯзи душанбе розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кулли Тоҷикистон шавад. Номзадии ӯро раисҷумҳур пешниҳод карда буд.
Воҳидзода аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзмон додситони ҳарбӣ кор кардааст. Аз он пеш раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.
Бо қарори Маҷлиси Миллӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён низ расман аз мансаби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Рустам Мирзозода таъйин шуд.
Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 раёсати Додгоҳи олиро бар дӯш дошт. Ҳоло тибқи рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон шудааст. Интихобот моҳи март баргузор мешавад.
Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 33 узв дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллист.
Маҷлиси миллӣ барканории Шоҳиён ва Юсуф Раҳмонро баррасӣ мекунад
Қарор аст Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, барканории Додситони кул ва раиси Додгоҳи олиро баррасӣ кунад.
Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои Маҷлиси миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон аз мақоми додситонии кулл ва Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, овоз медиҳанд.
Додситони кулл ва раиси Додгоҳи олӣ нимаи дуюми моҳи январ барканор шуданд.
Ба ҷойи Юсуф Раҳмон, Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми Додситони ҳарбӣ кор мекард. Мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, феълан маълум нест.
Раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мансаби раиси Додгоҳи олӣ барканор ва ба ҷойи ӯ номзадии Рустам Мирзозодаро пешниҳод кард. Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Интизор меравад, дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ Додситони кул дар бораи раванди иҷрои қонунҳо дар кишвар гузориш диҳад.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 аъзо дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва шахси дуввуми кишвар аст.
Раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон бекор карда шуд
Сар аз имрӯз, 3-юми феврал раводид ё виза миёни Тоҷикистону Эрон бардошта шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, дар посух ба тасмими Теҳрон, Душанбе низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон бекор мекунад.
Охири моҳи январ Шӯрои вазирони Эрон сафари бидуни раводид бо Тоҷикистонро тасвиб карда буд. Бар асоси ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд барои то 30 рӯз ва бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари бидуни раводид бо Эрон танҳо аз тариқи роҳи ҳавоӣ миёни ду кишвар имконпазир аст.
"Барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Тоҷикистон ё Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст",-навиштааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонистанд танҳо аз тариқи хатсайри Душанбе-Теҳрон бидуни раводид ё виза сафар кунанд. Барои сафар бо дигар парвозҳо, раводид талаб мешуд.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Раҳбари муваққати Сурия ба Арабистони Саудӣ рафтааст
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммад Ҷулонӣ), раҳбари муваққати Сурия, рӯзи 2-юми феврал дар сафари нахустини хориҷияш ба Арабистони Саудӣ рафт.
Ба иттилои хабаргузориҳо, ин иқдом як нишонаи дигари дур шудани Сурия аз ҳампаймони собиқаш, Эрон, арзёбӣ мешавад.
Арабистони Саудӣ қаблан ба гурӯҳҳои шӯришии зидди Башор Асад, раҳбари пешини Сурия, кумаки молӣ медод.
Шаръ 42-сола аст ва баъд аз фармондеҳии як ҳамлаи ғофилгирона дар моҳи декабри соли 2024, ки сабаби вожгунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия шуд, зимоми давлатдориро ба даст гирифт.
Ӯ барои беҳбуди равобит бо ҷаҳон талош мекунад ва дар ин замина мавқеи мустақил аз Эрон ва Русияро касб кардааст.
Эълони чораҳои ҷавобии Канада ва Мексика ба тасмими Амрико
Мақомоти Канада ва Мексика эълон карданд, ки дар посух ба тасмими Амрико чораи ҷавобӣ меандешанд.
Амрико аз 1-уми феврал барои маҳсулоти воридии Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Аз Мексикаву Канада 25 дарсад ва аз Чин 10 дарсад.
Ҷастин Трюдо, сарвазири феълии Канада, гуфт, кишвараш ба молу колои амрикоӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, либосу пойафзол ва ҷиҳози хона 25 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.
Ӯ ҳамзамон аз шаҳрвандони кишвараш хост, бештар маҳсулоти “худӣ”-ро бихаранд ва таътилу рухсатиро на дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар Канада гузаронанд.
Клаудия Шейнбаум, президенти Мексика, ҳам изҳор дошт, ки ба тасмими Амрико тадбири ҷавобӣ меандешад. Ӯ дар шабакаи “Х” навишт, ба вазири иқтисод дастур хоҳад дод, то “нақшаи Б”-ро амалӣ кунад, аммо ҷузъиёташро ошкор накард.
Чин қасд дорад, ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шикоят кунад.
Ситонидани боҷ яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маъракаи интихоботиаш буд.
Иқтисоди Амрико ба воридот аз се кишвар бисёр пойбанд аст ва аз 20 то 25 дарсади корхонаҳои саноатии Амрико аз нафти воридотӣ аз Канада истифода мебаранд. Тақрибан 64 дарсади меваву сабзавоти мағозаҳои Амрико аз Мексика ворид мешаванд.
Пешниҳоди таълими динии онлайн барои занон дар Тоҷикистон
Қарор аст, барои таҳсили динии занону духтарон дар Тоҷикистон омӯзишҳои онлайниро ба роҳ монанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, рӯзи 31-уми январ гуфт, ин мавзуъ дар ҳоли баррасист.
"Имрӯз омӯзишҳои онлайнии исломӣ дар фазои маҷозӣ бисёр шудааст. Аз сӯйи гурӯҳҳои гуногун. Ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки ин омӯзишҳоро бо назардошти муҳити худамон ба роҳ монем," -- афзуд ӯ.
Ҳоло бонувон дар Тоҷикистон метавонанд, танҳо дар Донишкадаи исломӣ таҳсили олии динӣ бигиранд. Барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи динӣ ҳеч мактабу мадрасае вуҷуд надорад.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 15 донишҷӯйи зан мехонанд. Ҳамаашон дар бахши ғоибона ва маълумоти дуюм.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ, барои таълими динии ғайрирасмӣ ё беиҷоза, аз ҷумла дар Интернет, то се сол зиндон дар назар аст.
Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд.