Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки исломӣ барои сохтмони "Роғун" 150 миллион доллар медиҳад


Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ кардааст.

Дар ин бора Муҳаммад ал-Ҷассер, президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд 11-уми июн дар конфронси об дар Душанбе хабар дод.

Президенти Бонки исломии рушд гуфт, бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки натанҳо Тоҷикистон, балки эҳтиёҷи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо барқ таъмин шавад.

Аммо Муҳаммад ал-Ҷассер дар бораи шарту шароити маблағе, ки барои сохтани “Роғун” медиҳанд, чизе нагуфт. Ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин бора суҳбат намекунад.

Маълум нест, 150 миллион доллар барои чанд сол ва бо чӣ қадар баҳра ба Душанбе дода мешавад.

Дар бораи ҷудо шудани маблағ аз сӯи Бонки исломии рушд барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” охири моҳи апрел хабарҳо нашр шуд. Ҳоло мудири ин муассисаи молии байнулмилалӣ мегӯяд, ҷудо шудани маблағ барои Тоҷикистон тасвиб шудааст.

Моҳи апрел Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дархост карда буд, ки дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунад. То ин вақт ду чарха ё агрегати нерӯгоҳи “Роғун” ба кор даромада, вале Тоҷикистон барои идомаи сохтмони он ба сармояи бузург эҳтиёҷ дорад.

Соли 2017 ҳукумат барои сохтмони “Роғун” 500 миллион доллар евробондро фурӯхт, ки баъдан коршиносон фоизи онро баланд гуфтанд. Тоҷикистон ҳоло неругоҳи “Роғун”-ро асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ месозад. Мақомот ва ҳам коршиносон мегӯянд, анҷоми пурраи чунин тарҳи бузург танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷа мушкил аст.

XS
SM
MD
LG