Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 ҳазор доллар. Хонаи як мансабдори дигари тоҷикро дар Дубай ёфтаанд


Шаҳриёр Назриев аз соли 1995 дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад
Шаҳриёр Назриев аз соли 1995 дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад

Як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дороии Шаҳриёр Назриев, сардори Бюрои Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ошкор кардааст.

Бино ба ин таҳқиқот, ки рӯзи 26-уми июн аз тарафи Azda TV ва Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) нашр шуд, Назриев дар Дубай як хонаи масоҳаташ 40 метри мураббаъ, вале боҳашамат дорад. Онро ҳанӯз соли 2012 ба 120 ҳазор доллар харидааст.

Шаҳриёр Назриев, писари Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди шинохта, тақрибан сӣ сол боз дар идораҳои қудратии Тоҷикистон кор мекунад. Бо гузашти як рӯз аз нашри таҳқиқот вокуниши ӯ дастрас нест. Таҳқиқгарон як моҳ пеш бо суолҳое ба ӯ муроҷиат карда, вале посухе дарёфт накардаанд.

Тоҷикистон як кишвари фақири пасошӯравӣ ва муҳтоҷ ба ёриҳои байнулмилалист ва биноан доштани моликияти мансабдоронаш ва наздикони онҳо дар хориҷа боис ба таваҷҷуҳ аст. Таҳқиқгарон низ навиштаанд, ки "ба ҳисоби онҳо барои харидани хонаи 120-ҳазордолларӣ дар Дубай корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бояд на кам аз 40 сол кор кунад."

Ба нигоштаи онҳо, хонаи муҷаллал, ки ба Шаҳриёр Назриев марбут медонанд, "дар маҳаллаи Jumeirah Village Circle, маҷмааи Emirates Gardens 1, G 2 воқеъ аст."

"Аз ин ҷо то ҷазираи сунъии дар саросари дунё машҳури Palm Jumeirah 14 километр роҳ аст. Хона дар бинои чаҳорошёна, ки дар боми он айвони боҳашамате низ ҳаст, ҷойгир аст. Дар ҳудуди он ҳавзи шиноварии 13-метрӣ, толори варзишӣ ва ҷойҳои махсус барои мошинҳо мавҷуданд. Дар назди бино ду боғи истироҳатии бузург, корти теннисӣ, майдони баскетбол ва маркази дилхушӣ вуҷуд дорад," – навиштаанд рӯзноманигорон.

Дар ҳамин гузорниш омадааст, ки Шаҳриёр Назриев дар Душанбе чор манзил ва дар зодгоҳаш, Ховалинги вилояти Хатлон, як ҳавлӣ дорад.

Шаҳриёр Назриев 50-сола аст ва аз моҳи июли соли 2021 сардори сардори Бюрои Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Пештар корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмоёнфтаи ВКД буд. Як муддат дар Хадамоти гумрук ҳам кор кардааст.

Расонаҳои таҳқиқотгар дар моҳи майи имсол моликияти баъзе аз пайвандони сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд.

OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" навишт, бар асоси санадҳои ёфтааш Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова), ҳамсари сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай соҳиби ду хонаи боҳашамат аст ва арзиши онҳо ба ба зиёда аз 1 миллиону 436 ҳазор доллар мерасад.

Муҳаққиқони OCCRP дар соли 2022 ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар, раиси пешини Ҳисорро дар Швейтсария ёфта буданд. Ин ҳисоб соли 2004 боз шуда, то соли 2011 фаъол буд ва дар он зиёда аз 9 миллион долларро нигоҳ доштаанд.

Аз он пеш, соли 2018, Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ошкор кард, ки раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) ва аъзои оилаи ӯ дар Ҷумҳурии Чех ва Русия шаш хонаву сохтмон доранд. Дар таҳқиқот гуфта шуда буд, ки ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст.

XS
SM
MD
LG