Ху Сюдун, соҳибкори чинӣ ва мудири ширкати "Хрустал", даъво дорад, ки бо вуҷуди иҷрои шартҳои зарурӣ ва гирифтани аснод, мақомоти Тоҷикистон ӯро аз иҷозаи истихроҷи санги мармар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳрум кардаанд. Далели ҷониби Тоҷикистон ин аст, ки ӯ маҳсулотро ба хориҷа бурд.