Терминалҳои баъзе аз бонку созмонҳои молиявии Тоҷикистон 100-сомонии намунаи соли 2021-ро ҳанӯз ҳам қабул намекунанд. Сокинон мегӯянд, ин мушкил онҳоро саргардон ва корашонро душвор кардааст.
Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо роҳи "фаҳмондадиҳӣ"-и густарда имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст. Деҳқонон баҳори имсол аз кишти "маҷбурӣ" шикоят доштанд.
Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст.
Иддаои аъзои як оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи он ки ташкилоти "Имон Интернешнл" панҷ кило тиловории онҳоро ҳамчун гарав қабул карду барнагардонд, дар нишасти матбуотии намояндаи Бонки Миллӣ дар Суғд баҳс барангехт.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, посухи рӯшан надод, ки дар тирамоҳу зимистони пешорӯ “лимит” ё маҳдудияти барқ мешавад ё не. Ӯ гуфт, “бояд омодагии ҷиддӣ бигирем ва ангишт захира кунем.”
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Шабакаҳои тақсимоти барқ беш аз 23 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуда, бар зидди чанде аз кормандони ин идора парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Беш аз 1900 мошине, ки як сол пеш тоҷирон барои фурӯхтан аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда буданд, дар як истгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд банд мондааст.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ду баробар зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда барои буҷа душворӣ нахоҳад дошт, "чун пул ҳаст". Коршиносон бовар доранд, якбора зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ барои аздозсупорандаҳо мушкил хоҳад шуд.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, пули муштариёни бонкҳои муфлисшударо "марҳила ба марҳила медиҳанд", аммо санаву омори дақиқеро ба забон наовард. Баъзе аз амонатгузорон, аз ҷумла Солеҳамо Самадоваи 76-сола аз Душанбе шикоят доранд, ки аз масъулон фақат "пул нест" мешунаванд.
Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, то нерӯгоҳи "Роғун" пурра ба кор надарояд, лимити барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ин посух баъд аз он садо дод, ки хабарнигорон 6-уми август аз масъулини "Барқи тоҷик" пурсиданд, лимити барқ кай аз байн меравад.
Як дарс, ё намуна дар дили АвруОсиё таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шуд, ки дар занҷираи таъминоти ҷаҳонӣ бебандуборӣ ба вуҷуд овард ва ҷабҳаи наве дар набардҳои геополитикӣ боз кард.
Ёфтҳои бештар