Аз "Кохи Миллат" дар Тоҷикистон то "Оғузхон" дар Туркманистон. Ҳамаи ин қасрҳо ва қароргоҳҳо бо пули ҳангуфт дар майдонҳои васеъ сохта шудаанд. Биноҳое, ки сарват ва қудрати ҳукуматҳои худкомаро бозгӯ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз минбари Созмони Милал дар мавриди талоши кишвараш барои даст ёфтан ба иқтисоди сабз то соли 2037 суҳбат кард.
Додситонӣ амри тахриби ду бинои баландошёнаи навсохт дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо додааст.
Ҳукумат 33 миллион сомонӣ ($ 3,1 млн) қарзи панҷ корхонаи давлатиро аз андоз бахшидааст. Қарори мазкурро президент Эмомалӣ Раҳмон 1-уми октябр имзо кардааст.
Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори дақиқи паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард.
Як ширкати русӣ, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шудааст.
Беш аз 71 дар сади мардум дар Қазоқистон ба тарафдории бунёди нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар қаламрави кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ раъй додаанд.
Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон фаъолияти 26 коргоҳи хурди пахтатозакунӣ қатъ шудааст. Мақомот мегӯянд, коркарди пахта дар ин коргоҳҳо ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набуд, аммо соҳибкорон ба ин розӣ нестанд.
Дар замоне ки мақомоти Тоҷикистон барои сокинон "лимит"-и барқ ҷорӣ карда, зимистони тӯлониро пешгӯйӣ мекунанд, ба гуфтаи шахсони огоҳ, як нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ танҳо бо нисфи иқтидораш фаъол аст. Сухан дар бораи "Сангтӯда-1" меравад. Онро бо пули Русия сохтаанд.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳадафи сайёҳӣ, табобат ва сафар ба кишварҳои дигар аз Узбекистон истифода мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст. Ин раванд ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
Дар вилояти Нижегороди Русия додани патент барои муҳоҷирон қатъ шудааст. Шурӯъ аз 1-уми октябри имсол дар ин вилоят муҳоҷирон аз кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид (виза) надоранд, наметавонанд иҷозати корӣ бигиранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ин гуруҳ шомил мешаванд.
Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати “Тоҷик Эйр” ва мудири пешини фурудгоҳи Душанбе, озод шудааст. Ӯро дар охири соли 2023 боздошт карда буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Холиқовро ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор медонист.
Ёфтҳои бештар