Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танҳо барои славянҳо". Нажодпарастӣ дар Русия бештар шудааст


Эътирози зидди муҳоҷирон дар Русия дар моҳи ноябри соли 2019
Эътирози зидди муҳоҷирон дар Русия дар моҳи ноябри соли 2019

Моҳи майи соли гузашта додгоҳи Маскав чанд эълони ширкату корхонаҳое, ки корҷӯёнро бо "чеҳраи славянӣ" ба кор даъват мекарданд, хилофи қонуни меҳнат дониста, барои паҳн кардани чунин эълон таҳдид ба "ҷавобгарии ҷиноӣ" карда буд.

Аз ин пеш як додгоҳи дигари Маскав ҳам эълони иҷордиҳандагон ва ҷойҳои кори холӣ бо навиштаи "фақат барои славянҳо"-ро ғайриқонунӣ дониста буд.

Бо ин вуҷуд, тавре тарҳи русии "Система"-и Радиои Озодӣ пайдо кардааст, ширкату созмонҳои давлатӣ ба нашри эълонҳое, ки таҳқири миллатҳои дигар дониста мешаванд, идома медиҳанд.

Стефания Кулаева, коршиноси "Мемориал", созмони маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар сатҳи давлатӣ ба ҳаде миллатҳои дигарро бад кардаанд, ки ҳамла ба ғайриславяниҳо бештар шудааст.

"Дар сатҳи давлатӣ ба ҷои мубориза бо бегонаситезӣ эълонҳои дорои нақзи ҳуқуқи миллатҳои дигар садо медиҳад,"--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин нафрату бадбиниро мансабдорони давлатӣ ва низомиён бо ҳарфҳои нажодпарастона ташвиқ мекунанд.

Дар шаҳри Дзержинскии вилояти Нижегород ҳукумат барои иҷрои тарҳи поккории шаҳр чор тендер эълон кардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, танҳо ширкатҳое барои иҷрои ин кор муроҷиат карда метавонанд, ки соҳибонашон "дорои чеҳраи славянӣ" бошанд. Тарҳи "Система" маълум кард, ки яке аз ин эълон моҳи гузашта нашр шудааст.

Дар тендери давлатӣ ошкоро гуфта шудааст, ки "танҳо славянҳо" муроҷиат кунанд
Дар тендери давлатӣ ошкоро гуфта шудааст, ки "танҳо славянҳо" муроҷиат кунанд

Як шӯъбаи Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Маскав моҳи нобяри соли гузашта барои ба кор гирифтани фаррош эълон дода, доштани "чеҳраи славянӣ"-ро шарти асосӣ донистааст.

Дар ҳукумати Дзержинский ва Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Маскав ин мавзуро шарҳ надоданд.

"Зургӯии нажодпарастон бештар мешавад"

Қонунгузории Русия табъизи нажодӣ ва ҷойи кор додан ба шаҳрвандон бар асоси миллиятро ҷиноят медонад. Дар сарқонуни ин кишвар ба ҳама халқу миллатҳои сокини Русия баробарӣ кафолат дода шудааст.

Худи Владимир Путин гоҳ-гоҳ аз гуногундинӣ ва гуногунмиллатии Русия тавсиф мекунад, вале аз ҷонибдорони аслии "бартарияти фарҳанги русӣ" дар ҷомеа аст. Мунтақидон ӯро ба миллатгароӣ ва нақзи ҳуқуқи миллатҳои дигар дар Русия бо ҳадафҳои сиёсӣ айбдор мекунанд.

Бар асоси шумориши ҳисоби аҳолӣ дар соли 2021, рустаборон дар Русия 72 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, ҳарчанд ба дурустии ин омор бисёриҳо шубҳа мекунанд.

Теъдоди миллатҳои ғайрирус, мисли тоторҳо, қалмиқҳо, бурятҳо ва чеченҳо ҷамъияти бузурге дар Русия ҳастанд. Ҳамзамон дар Русия ҳудуди 10 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Дар таҳқиқе, ки моҳи гузашта "Сова", маркази назорати экстремизм нашр кардааст, гуфта мешавад, ки аз баҳори соли 2023 "хушунатҳои нажодпарастона" дар Русия бо суръат афзоиш ёфтааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳафтаи гузашта дар гузорише гуфтааст, ки пас аз ҳамлаи маргбори рӯзи 22-юми марти соли 2024 дар Крокус ситии Маскав хушунату ҳамлаи нажодпарастона нисбат ба муҳоҷирон ба таври бесобиқа зиёд шуд.

Табъизи нажодӣ барои ба кор пазируфтан дар сохторҳои давлатӣ дар Русия раванди наве нест.

Соли 2018 Хадамоти маросими дафн дар Маскав ба як ширкат посух дода буд, ки барои иҷрои тарҳҳояш "танҳо славянҳо" бояд дархост диҳанд.

Ҳамон сол Росгвардия, Гвардияи милии Русия ошкоро эълон кард, ки барои иҷрои коре вуруди хориҷиҳо ба бинои марказии он, аз ҷумла бо "чеҳраи қафқозӣ" манъ аст.

Аксари қафқозиҳо дар Русия шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва хориҷӣ ҳисоб намешаванд.

Кулаева ба тарҳи "Система" гуфтааст, ки нажодпарастӣ дар Русия ҳамеша дар ҳоли тағйир аст, вале на ба сӯи беҳбудӣ.

"Агар дар умум ба вазъ нигоҳ кунем, манъи ҷалби муҳоҷирон ба кор бештар мешавад ва таҳқири миллатҳои дигар аз ҷониби корфармоён таҷрибаи маъмулӣ боқӣ мемонад,"—гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, миллатгароӣ дар Русия на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар зиндагии ҳарӯза ба назар мерасад.

Кулаева гуфт, ҷанги Русия алайҳи Украина миллатгароиро афзоиш дод ва ҳоло нажодпарастӣ дар ин кишвар ба як меъёр табдил ёфтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG