Баъд аз қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон Радиои Озодӣ назари чанде аз сокинонро пурсид, ки оё тавони пардохти онро доранд?
Баҳлул Рачушов, сокини ноҳияи Рӯшон, аз зумраи онҳоест, ки хабари афзоиши нархи барқ ӯро бештар нигарон кардааст. Мегӯяд, ҳоло дар Душанбе дар хонаи фарзандаш аст, чун дар зодгоҳаш мардум бо маҳдудият барқ мегиранд.
“Вақте нархи барқро мебардоранд, бояд мардумро низ пурра бо барқ таъмин кунанд,” – гуфт ӯ. Рачушов дар моҳе 800 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва вақте пули хадамот, аз ҷумла барқро медиҳад, тақрибан чизе барои худу оилааш намемонад.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сокинон аз якуми апрел барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам хоҳанд супурд. Дар ҳоли ҳозир ин рақам ба 30,75 дирам баробар аст. "35 дирам гарон аст. Як хел одам шароит дорад, баъзеҳо надоранд, мушкил аст. Одамон серфарзанданд," – гуфт Намоён Қувватова, сокини Душанбе.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳарчанд дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, ҳар моҳ тақрибан 300 сомонӣ пули барқ медиҳанд. Онҳо нигаронанд, ки бо таърифаҳои нав эҳтимол харҷи барқашон ба 400 сомонӣ наздик шавад.
Мукаррама Замонова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, "дар баландошёна зиндагӣ мекунам ва моҳе 280 сомонӣ пули барқ медиҳам. Гарон намешуд, хубтар буд. Барои халқ мушкилӣ меорад."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Тибқи нархномаи нав, арзиши як киловат соат барқ аз якуми апрел барои корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсейу гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам таъйин шудааст. Ин дар ҳолест, ки корхонаҳои "Талко", "Азот" ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" нерӯи барқро арзонтар мегиранд.
"Талко" ё ширкати алюминиюми тоҷик – 20,77 дирам, "Азот" – 35,36 дирам ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт хоҳанд кард.
Коршинос Мирҳусейн Назриев рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин тарзи нархгузорӣ бар зарари мардум аст: "Корхонаи алюминиюм яке аз корхонаҳои калонтарин, барқи бештар истифода мекунад. Бубинед, барои ҳамин хел корхонаҳо 20 дирам, барои аҳолӣ 35 дирам. Дар ҳоле ки зиндагии 60-70 дарсади аҳолии Тоҷикистон чандон хуб нест."
Ширкати “Барқи тоҷик” сабаби боло бурдани нархи барқро шарҳ надод. Дар Шабакаҳои тақсимоти барқ ваъда доданд, ки мавзуъро дертар шарҳ медиҳанд. Бори охир дар моҳи январи соли 2024 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон гарон шуда, аз тақрибан 27 дирам ба 30,75 дирам расид.
Он замон Орифҷон Толибов, як намояндаи “Шабакаҳои тақсими барқ”, тасмимро ба тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ пайванд дод, ки ба гуфтааш "Бонки Ҷаҳонӣ солҳои охир ба низоми энергетикии кишвар сармоягузорӣ мекунад. Як талаботи онҳо то як муҳлати муайян баланд бардоштани арзиши нерӯи барқ ба ҳисоб меравад."
Қарори афзоиши нархи нерӯи барқ дар ҳоле содир шудааст, ки аз тирамоҳи гузашта то ҳоло мардум бо маҳдудият барқ мегиранд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 дар кишвар беш аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст, се дарсад зиёдтар нисбат ба соле пеш. Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Кишвар дар соли 2024 ба беш аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷ барқ содир кардааст.