Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 9-уми апрел дар вокуниш ба амалкарди Чин мизони таърифа ё боҷи гумрукиро бар молу колои ин кишвар ба 125 дарсад афзоиш дод. Ӯ ҳамзамон боҷи гумрукии ҷоришуда барои 75 кишварро ба муддати 90 рӯз боздошт.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, иддао кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ду шаҳрванди Чинро, ки аз тарафи Русия дар минтақаи Донетск меҷангиданд, ба асорат гирифтанд. Ӯ аз ҳампаймонҳои Киев хост, ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд ва аз Пекин шарҳ бихоҳанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон гуфтугӯҳои мустақимро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон оғоз кардаанд ва рӯзи шанбе, 12-уми апрел, нишасте дар сатҳи боло баргузор хоҳад шуд.
Давоми шаш рӯзи охир 6700 муҳоҷири афғон, ба шумули 944 хонавода, аз Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд.
"Ин шурӯи фасли нав дар дӯстии деринаи мост." Раиси Кумисюни Аврупо нишасти аввали сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар шаҳри Самарқанд чунин хулоса кард. Нишаст дар рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел гузашт.
Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба НАТО вафодор аст, аммо кишварҳои дигари узв низ бояд бо афзоиши буҷаи дифоӣ ва низомии худ мувофиқат кунанд.
Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин ба баъд аз шарикони тиҷоратияш барои маҳсулоти воридотӣ боҷ меситонад. Ба гуфтаи баъзе аз коршиносон, ин тасмим метавонад ба оғози ҷанги тиҷорӣ ва рукуди иқтисод дар ҷаҳон сабаб шавад.
Мартин Кос, Комиссари Иттиҳоди Аврупо барои тавсеа, бар зарурати ҳифозат аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъкид кард.
Ёфтҳои бештар