Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 9-уми апрел дар вокуниш ба амалкарди Чин мизони таърифа ё боҷи гумрукиро бар молу колои ин кишвар ба 125 дарсад афзоиш дод. Ӯ ҳамзамон боҷи гумрукии ҷоришуда барои 75 кишварро ба муддати 90 рӯз боздошт.
Раисҷумҳури Амрико бо эълони ин хабар дар шабакаи Truth навишт, "умед дорам, Чин дар ояндаи наздик мутаваҷҷеҳ шавад, ки даврони суистифода аз Амрико ва кишварҳои дигар идома намекунад ва қобили қабул нест."
Ин тасмими Трамп чанд соат пас аз он эълон шуд, ки Чин эълон кард, бар молу колоҳои амрикоӣ таърифаҳои 84-дарсадӣ ҷорӣ мекунад. Боҷҳое, ки Чин рӯзи чаҳоршанбе барои колоҳои амрикоӣ эълон кард, охирин иқдоми ин кишвар дар баробари чанд марҳилаи афзоиши таърифаҳо аз сӯи Доналд Трамп аст.
Чин пештар бо ду таърифаи 20 ва 34-дарсадии Амрико рӯ ба рӯ шуда буд. Пас аз вокуниши ҳаммонанд, ин рақам ба 50 дарсад ва сипас ба 104 дарсад расид ва ҳоло бо дастури "фаврӣ"-и Трамп, он ба 125 дарсад расидааст.
Таърифаҳои нави ҷоришуда аз сӯи Доналд Трамп баъд аз зуҳри чаҳоршанбе ба вақти Пекин ба ҳолати иҷро даромад ва бар асоси баёнияе, ки ҳукумати Чин нашр кардааст, чораҳои интиқомҷӯёнаи Пекин низ аз рӯзи 10-уми апрел амалӣ мешаванд.
Чин як рӯз пештар таҳдид карда буд, ки агар Амрико дар ҷорӣ кардани боҷҳои нав пофишорӣ кунад, "то охир мубориза мебарад".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эълон кард, ки беш аз 75 кишвар бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида тамос гирифтаанд, то роҳҳалҳое барои мавзуъҳои вобаста ба савдо, монеаҳои тиҷорат, боҷҳо ва таърифаҳои ғайрипулӣ пайдо кунанд.
Трамп таъкид кард, ин кишварҳо "бинобар тавсияи қотеи ман ба ҳеч шакле алайҳи Амрико вокуниш интиқомҷӯёна нишон надоданд".
Дар ҳамин ҳол, бозорҳои молии ҷаҳон бо оғози ҷорӣ шудани таърифаҳои вазнини Амрико бар воридот аз Чин, бори дигар шоҳиди талотуми шадид шудаанд ва арзиши нафт ба поинтарин мизони худ тайи чаҳор соли охир расидааст.