Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Амрико ва Эрон музокироти мустақимро оғоз кардаанд


Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу. 7-уми апрели 2025
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу. 7-уми апрели 2025

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон гуфтугӯҳои мустақимро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон оғоз кардаанд ва рӯзи шанбе, 12-уми апрел, нишасте дар сатҳи боло баргузор хоҳад шуд.

Чанд соат пас аз ин изҳорот, вазири корҳои хориҷии Эрон "дидори Эрон ва Амрико дар рӯзи шанбе дар Умон"-ро тасдиқ кард ва ҳамчунин аз "гуфтугӯҳои ғайримустақими сатҳи баланд" сухан гуфт.

Ин эълони ногаҳонии Трамп дар бораи гуфтугӯи мустақим бо Эрон дар бораи барномаи ҳастаии он кишвар дар ҳоле аст, ки пештар мақомҳои эронӣ дархости Вашингтонро барои чунин гуфтугӯ рад карда буданд.

Доналд Трамп 7-уми апрел дар дидор бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед гуфт, "мо гуфтугӯҳои мустақиме бо Эрон дорем ва ин гуфтугӯҳо оғоз шудаанд. Рӯзи шанбе идома хоҳанд ёфт. Нишасти бисёр муҳиме дар пеш дорем ва хоҳем дид, чӣ чизе рух медиҳад".

Ӯ афзуд, "фикр мекунам, ҳама қабул доранд, ки даст ёфтан ба як созиш гузинаи беҳтар аст". Раисҷумҳури Амрико шарҳи бештаре дар ин бора надод, аммо бори дигар такрор кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.

Трамп бори дигар таъкид кард, дар сурате ки музокироти мустақими кунунӣ миёни Амрико ва Эрон ба натиҷа нарасад, Эрон дар "хатари калоне" қарор хоҳад гирифт.

Вай изҳор дошт, "фикр мекунам, агар ин музокирот бо Эрон комёбона набошад, Эрон дар хатари калоне хоҳад буд. Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, воқеан фикр мекунам рӯзи баде барои Эрон хоҳад буд".

Чанд соат пас аз нашри ин суханони Трамп, вазири корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки 12-уми апрел мулоқоти сатҳи баланд дар Умон баргузор хоҳад шуд, аммо ба "гуфтугӯи ғайримустақим" ишора кард.

Аббос Ароқчӣ рӯзи 8-уми апрел дар шабакаи "Х" навишт, "Эрон ва Амрико рӯзи шанбе дар Умон дидор хоҳанд кард, барои гуфтугӯҳои ғайримустақим дар сатҳи олӣ".

Вай бо баёни инки "ин як фурсат ва ба ҳамон андоза як озмун аст", бори дигар гуфт, ки "тӯб дар майдони Амрико аст".

Мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзҳои гузашта борҳо ҳар гуна гуфтугӯи мустақимро рад карда, фақат бар анҷоми музокироти ғайримустақим таъкид доштанд.

Раисҷумҳури Амрико дар ҳафтаҳои охир ба Теҳрон ҳушдор дода буд, ки беҳтар аст барои даст ёфтан ба созиши нав дар мавриди барномаи ҳастаиаш, бо Вашингтон вориди музокирот шавад, вагарна бо таҳримҳои нав рӯбарӯ мешавад ва "бамборон" хоҳад шуд.

Ӯ дар аввали моҳи март гуфта буд, ки номае ба раҳбари Эрон фиристода ва пешниҳоди гуфтугӯ додааст. Мақомҳои Эрон дар он замон гуфтанд, ки Теҳрон таҳти фишор ва таҳдид вориди музокирот нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG